https://sputnik.tj/20210319/jazo-murabbiya-suzondani-khurdsol-kudakiston-1033032402.html
Чаро Рухсорамо рӯйи 2 хурдсолро дар кӯдакистони №1 сӯзондаст? шарҳи мақомот
Чаро Рухсорамо рӯйи 2 хурдсолро дар кӯдакистони №1 сӯзондаст? шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Рухсорамои Давлат, мураббияи кӯдакистони рақами 1-ро дар сӯзондани рӯйи ду кӯдак гунаҳкор донистааст 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T15:10+0500
2021-03-19T15:10+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯдак
хурдсол
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102766/54/1027665434_0:60:1200:736_1920x0_80_0_0_da86aeffba9d72b3cec35917233f2034.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, мураббия Рухсорамо санаи 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ дар кӯдакистони рақами 1 нисбат ба ду хурдсол муносиботи бераҳмона кардааст.Манбаъ афзуд, мураббия барои водор намудани ду кӯдак – Сайидмудассири 5-сола ва Назаралии 4-сола ба оромӣ, рӯяшонро бо қошуқ сӯзондаст.“Барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.Додгоҳи Кӯлоб Рухсорамои Давлатро бар асоси 174-и Кодекси ҷиноӣ - иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст.Дар марвиди ҷазо тафсилоти бештар дода нашудааст, аммо моддае, ки аз рӯи он Рухсорамо гунаҳкор дониста шудааст, то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.Назари худи Рухсорамо ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълумамон нест.
https://sputnik.tj/20200826/Eloni-hukmi-padare-ki-farzandonashro-latukb-kard-1031794427.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102766/54/1027665434_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_659b3f079d35fa894f99741c1bad86c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кӯдак, хурдсол, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кӯдак, хурдсол, дар тоҷикистон
Чаро Рухсорамо рӯйи 2 хурдсолро дар кӯдакистони №1 сӯзондаст? шарҳи мақомот
15:10 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Рухсорамои Давлат, мураббияи кӯдакистони рақами 1-ро дар сӯзондани рӯйи ду кӯдак гунаҳкор донистааст
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, мураббия Рухсорамо санаи 23 ноябри соли 2020 ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ дар кӯдакистони рақами 1 нисбат ба ду хурдсол муносиботи бераҳмона кардааст.
Манбаъ афзуд, мураббия барои водор намудани ду кӯдак – Сайидмудассири 5-сола ва Назаралии 4-сола ба оромӣ, рӯяшонро бо қошуқ сӯзондаст.
“Барои ором нишаста бозӣ кардан дар ҳуҷраи бозии ҳамин муассиса қошуқи алюминиро дар бухории (печкаи) тафсон гарм намуда, бо мақсади сарзаниш додан ба воситаи он рухсораи номбурдагонро сӯзонида ба саломатиашон заррари сабуки ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Додгоҳи Кӯлоб Рухсорамои Давлатро бар асоси 174-и Кодекси ҷиноӣ - иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ гунаҳкор дониста, маҳкум намудааст.
Дар марвиди ҷазо тафсилоти бештар дода нашудааст, аммо моддае, ки аз рӯи он Рухсорамо гунаҳкор дониста шудааст, то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё то ду соли зиндон ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.
Назари худи Рухсорамо ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълумамон нест.