https://sputnik.tj/20210319/Toikiston-du-majmaai-tibbii-sayor-1033028348.html
"Корвони саломатӣ": Тоҷикистон ду маҷмааи тиббии сайёр дарёфт кард - акс
"Корвони саломатӣ": Тоҷикистон ду маҷмааи тиббии сайёр дарёфт кард - акс
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти ду мошини калонҳаҷми тибии сайёр хабар медиҳад. Ин иқдом дар доираи тарҳи "Корвони саломатӣ" роҳандозӣ шудааст 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T09:00+0500
2021-03-19T09:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
саломатӣ
вазорати тандурустии ҷт
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784486_0:92:1017:664_1920x0_80_0_0_bb550954f0d9fd8363d5a2d764f31c4f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи "Корвони саломатӣ"-ро дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумат ва Бонки Авруосиёгии Рушд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, оғоз намуд.Тибқи иттилои вазорат, маблағи умумии лоиҳа 2, 06 млн. долларро ташкил дода, аз он 2,0 млн. маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор ҳамчун саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур рӯзи 15 марти соли 2021 ду адад маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ ба Тоҷикистон ворид гардид, ки маросими қабул ва муаррифии расмии онҳо дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - аксНақлиёти махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784486_5:0:1013:756_1920x0_80_0_0_47cc71a5901861de1c141390b7f054bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, саломатӣ, вазорати тандурустии ҷт, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, саломатӣ, вазорати тандурустии ҷт, дар тоҷикистон
"Корвони саломатӣ": Тоҷикистон ду маҷмааи тиббии сайёр дарёфт кард - акс
09:00 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз дарёфти ду мошини калонҳаҷми тибии сайёр хабар медиҳад. Ин иқдом дар доираи тарҳи "Корвони саломатӣ" роҳандозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи "Корвони саломатӣ"-ро дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумат ва Бонки Авруосиёгии Рушд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, оғоз намуд.
Тибқи иттилои вазорат, маблағи умумии лоиҳа 2, 06 млн. долларро ташкил дода, аз он 2,0 млн. маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор ҳамчун саҳми Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳа дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур рӯзи 15 марти соли 2021 ду адад маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ ба Тоҷикистон ворид гардид, ки маросими қабул ва муаррифии расмии онҳо дар нимаи аввали моҳи апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Нақлиёти махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.