Таркиш дар Химкии вилояти Маскав бинои бисёрошёнаро хароб кард - видео

Обуна шудан
Дар интернет навори лаҳзаҳои аввали пас аз таркиш дар бинои истиқоматии шаҳри Химки, ки рӯзи ҷумъа рух дод, пайдо шуданд
Дар як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Химки, вилояти Маскав таркиш ба амал омад. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи минтақа далели ҳодисаро тасдиқ кард.
Тибқи иттилои хадамоти изтирорӣ, ҳодиса дар кӯчаи Зеленая рух додааст. Пас аз таркиш панҷ манзилро оташ фаро гирифтааст, аз тирезаҳои қабатҳои 8 ва 9 абрҳои дуди сиёҳ ба назар мерасанд.
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2021
Таркиш дар Кобул: боз як мақомдори афғон террор шуд
Тавре маълум гардид, дар натиҷаи таркиш як мард ҳалок шудаву як зани дигар ҷароҳат бардоштааст ва табибон ӯро табобат доранд.
Дар бораи дигар сокинони маҷрӯҳшуда маълумот мушаххас карда мешавад, аммо тибқи маълумоти пешакӣ, эҳтимол меравад, ки ду нафар дар зери харобаҳо мондаанд.
Инчунин маълум аст, ки онҳо кӯдакон мебошанд.
Гуфта мешавад, ки эҳтимол гази моеъ сабаби таркиш шуда бошад.
Хадамоти оперативӣ, наҷотбахшон, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд.
Муовини раиси ҳукумати ин минтақа Роман Каратаев ва сардори Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Маскав Сергей Полетикин барои фаҳмидани сабабҳои таркиш ба маҳалли таркиш рафтаанд.
Губернатори вилояти Москва Андрей Воробёв вазъро таҳти назорати шахсӣ гирифта, дастур додааст, ки ба сокинон кӯмак расонанд.
Лентаи хабарҳо
0