https://sputnik.tj/20210319/Rusiya-sokhtani-Rogun-kumak-1033029005.html
Русия барои ба охир расонидани сохтмони Роғун ба Тоҷикистон кумак мекунад
Русия барои ба охир расонидани сохтмони Роғун ба Тоҷикистон кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Силовые машины"-и Русия омода аст дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони НБО Роғун саҳм гирад 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T11:52+0500
2021-03-19T11:52+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
энергетика
нбо роғун
лоиҳа
дар русия
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086805_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_29ec94a0c4f5c79cb740ec58c0f7e600.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Ширкати "Силовые машины" омода аст дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат кунад, гуфт намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА Новости.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ширкатҳои Русия - истеҳсолкунандагони таҷҳизоти гидравликии гидротехникӣ ва таҷҳизоти энергетикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои обии мавҷуда дар Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдоранд.Русия инчунин масъалаи таъминоти 1000 вагони борбар ва 100 вагони мусофирбар барои роҳи оҳани Тоҷикистонро баррасӣ мекунад."Ҳоло мо масъалаи таъмини Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон "-ро бо 1000 вагонҳои боркаш ва 100 вагонҳои мусофирбар, аз ҷумла таҷҳизот ва асбобҳои барои нигоҳдории онҳо баррасӣ дорем", - гуфт ӯ.Коренков гуфт, ки Русия ҳамкориҳои саноатиро рушд дода, масъалаи дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии Панҷ (ҷануби Тоҷикистон) таъсис додани як корхонаи муштаракро барои ҷамъоварии устохонаҳои сайёри автомобилтаъмиркунии бренди русии "Промавто" (Нижний Новгород) баррасӣ карда истодааст.Аз "Тоҷиктелеком" то "Роғун"-у "ТАЛКО" : Кумитаи андоз калонтарин қарздоронашро гуфт"Лоиҳа фурӯши мошинҳои тайёрро (таъмири автомобилҳои сайёр, устохонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия ва коргоҳҳои барқӣ, кӯмаки техникӣ дар заминаи ГАЗ, Камаз, Урал ва ғайра) на танҳо дар бозори Тоҷикистон, балки барои содирот ба Афғонистон дар назар дорад", - гуфт Коренков.Вай қайд кард, ки имрӯз масъалаи маблағгузории ин лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дорад, ки метавонад ба иқтисоди ҷумҳурӣ 15 миллион доллари иловагӣ ворид кунад.Ошкори сарфи нодурусти маблағҳо дар "Роғун" ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҳир СаидзодаБа ақидаи ӯ, ҳамкориҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ дурнамои хуб доранд."Ширкатҳои Русия омодаанд бо ҷалби барномаҳои лизингӣ ва абзорҳои муосири агентиҳои содиротии Русия дар ин лоиҳаҳо доираи васеи техникаи кишоварзиро дастрас кунад", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20210219/Maosh-mablag-avrupo-Rogun-1032854381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086805_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_ecf34d9639bd1f595c9aca97bd78aa0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, энергетика, нбо роғун, лоиҳа, дар русия, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, энергетика, нбо роғун, лоиҳа, дар русия, дар тоҷикистон
Русия барои ба охир расонидани сохтмони Роғун ба Тоҷикистон кумак мекунад
11:52 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Ширкати "Силовые машины"-и Русия омода аст дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони НБО Роғун саҳм гирад
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Ширкати "Силовые машины" омода аст дар лоиҳаи ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат кунад, гуфт намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА Новости.
"Ба шарте, ки маблағгузории лоиҳа таъмин карда шавад, ин ширкат омода аст, бо пудратчиёни Русия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ ҳамчунин таъмини таҷҳизот барои агрегатҳои гидроэнергетикӣ - турбинаҳо ва генераторҳо саҳм гирад", - гуфт намояндаи тиҷоратӣ.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ширкатҳои Русия - истеҳсолкунандагони таҷҳизоти гидравликии гидротехникӣ ва таҷҳизоти энергетикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои обии мавҷуда дар Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдоранд.
Русия инчунин масъалаи таъминоти 1000 вагони борбар ва 100 вагони мусофирбар барои роҳи оҳани Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
"Ҳоло мо масъалаи таъмини Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон "-ро бо 1000 вагонҳои боркаш ва 100 вагонҳои мусофирбар, аз ҷумла таҷҳизот ва асбобҳои барои нигоҳдории онҳо баррасӣ дорем", - гуфт ӯ.
Коренков гуфт, ки Русия ҳамкориҳои саноатиро рушд дода, масъалаи дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии Панҷ (ҷануби Тоҷикистон) таъсис додани як корхонаи муштаракро барои ҷамъоварии устохонаҳои сайёри автомобилтаъмиркунии бренди русии "Промавто" (Нижний Новгород) баррасӣ карда истодааст.
"Лоиҳа фурӯши мошинҳои тайёрро (таъмири автомобилҳои сайёр, устохонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия ва коргоҳҳои барқӣ, кӯмаки техникӣ дар заминаи ГАЗ, Камаз, Урал ва ғайра) на танҳо дар бозори Тоҷикистон, балки барои содирот ба Афғонистон дар назар дорад", - гуфт Коренков.
Вай қайд кард, ки имрӯз масъалаи маблағгузории ин лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дорад, ки метавонад ба иқтисоди ҷумҳурӣ 15 миллион доллари иловагӣ ворид кунад.
Ба ақидаи ӯ, ҳамкориҳо дар соҳаи техникаи кишоварзӣ дурнамои хуб доранд.
"Ширкатҳои Русия омодаанд бо ҷалби барномаҳои лизингӣ ва абзорҳои муосири агентиҳои содиротии Русия дар ин лоиҳаҳо доираи васеи техникаи кишоварзиро дастрас кунад", - гуфт ӯ.