https://sputnik.tj/20210319/Fayzkand-jomi-Liga-futbol-Tojikiston-1033033191.html
“Файзканд” барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд
“Файзканд” барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дастаи футболи “Файзканд”-и Восеъ дар финали Лигаи футболи ҷумҳурӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб пирӯз ва ғолиби мусобиқа... 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T16:38+0500
2021-03-19T16:38+0500
2021-04-19T17:27+0500
ҳамаи хабарҳо
ҷавонон ва варзиш
дар тоҷикистон
футбол
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033033145_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_976b8d6a57d264619ab0194937161b20.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 19 март дар шаҳри Гулистон мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.Манбаъ афзуд, дар мусобиқа 11 даста иштирок карданд. Аз ҷумла “Истаравшан” (Истаравшан), КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) миёни ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар маҷмуъ дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шудаст.Кумита иттилоъ дод, ки ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро тимҳои вилояти Хатлон ишғол карданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ғолиб шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар тими мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.Ташкилотчиёни мусобиқа, ҳамчунин беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон аз тими “Хатлон” гардид. Доробҷон Эргашев аз “Файзканд” беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров аз тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Беҳтарин ҳамлавар Наврӯз Рустамов аз тими “Равшан” ва беҳтарин футболбоз Маҳмадалӣ Содиқов аз “Файзканд” эътироф гардиданд.
https://sputnik.tj/20210318/hayat-yakkachin-kishvar-raqobat-Muguliston-1033024045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033033145_86:0:1154:801_1920x0_80_0_0_5ce4ba813aa3e2f140d52ff0550c23ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, ҷавонон ва варзиш, дар тоҷикистон, футбол
ҳамаи хабарҳо, ҷавонон ва варзиш, дар тоҷикистон, футбол
“Файзканд” барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд
16:38 19.03.2021 (Навсозишуда: 17:27 19.04.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дастаи футболи “Файзканд”-и Восеъ дар финали Лигаи футболи ҷумҳурӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб пирӯз ва ғолиби мусобиқа шуд
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 19 март дар шаҳри Гулистон мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.
Манбаъ афзуд, дар мусобиқа 11 даста иштирок карданд. Аз ҷумла “Истаравшан” (Истаравшан), КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” (Восеъ), “Эсхата” (Хуҷанд), ҳамчунин ҳайатҳои ҷавонони “Истиқлол”, “Хуҷанд” ва тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) миёни ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар маҷмуъ дар доираи мусобиқа 20 бозӣ анҷом дода шудаст.
Кумита иттилоъ дод, ки ҷойҳои ифтихории Ҷоми ЛФТ-2021-ро тимҳои вилояти Хатлон ишғол карданд. “Файзканд”-и Восеъ дар финал “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуда, ғолиб шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Хатлон”-и Бохтар бар тими мунтахаби наврасони кишвар бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Ташкилотчиёни мусобиқа, ҳамчунин беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки ҷоизаи беҳтарин дарвозабон насиби Куайе Годсон аз тими “Хатлон” гардид. Доробҷон Эргашев аз “Файзканд” беҳтарин ҳимоятгар дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгарро Хусрав Тоиров аз тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даст овард. Беҳтарин ҳамлавар Наврӯз Рустамов аз тими “Равшан” ва беҳтарин футболбоз Маҳмадалӣ Содиқов аз “Файзканд” эътироф гардиданд.