Долларҷаллобии Рустами Ҷамолиддин дар “Ориёнбонк”: мақомот мегӯянд, роҳбарият бехабар буд

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкКупюра, доллар
Купюра, доллар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани муомилоти ғайриқонунӣ бо доллар аз ҷониби як мақомдори “Ориёнбонк” хабар додааст
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Рустами Ҷамолиддин, амалиётгар – хизинадори “Ориёнбонк” долларро аз меъёри муқарраркардаи Бонки миллӣ гаронтар мехаридааст.
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2018
Шаропов барои долларфурӯшӣ 36 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд
Аз ҷумла зикр шудааст, ки Рустами Ҷамолиддин дар филиали “Ориёнбонк” дар шаҳри Бохтар аз харидори шартӣ 100 доллари амрикоиро, ки қурбаш он рӯз 1130 муайян шуда буд, 1140 сомонӣ ҳисобӣ кардааст.
Бар асоси иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ин хазинадор дар маҷмуъ 2600 доллари ИМА-ро бо додани маблағи 29640 сомонӣ гирифтааст. Таъкид шудааст, ки ҳадафи Рустами Ҷамолиддин минбаъд дар бозори сиёҳ бо нархи зиёдтар фурӯхтани долларҳо ва гирифтани фоидаи муфт будааст.
Дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон зикр шудааст, ки Рустами Ҷамолиддин ин амалро бе иҷозати роҳбарият кардааст.
Додгоҳи Бохтар хизинадорро гунаҳкор дониста, бар асоси моддаҳои 286 қисми 2 ва 295 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ - муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва суистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, ҷазо додааст. Дар бораи тафсилоти ҷазо зикр нашудааст, аммо моддаҳои эълоншуда то беш аз 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва то 6 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд.
Назари бевоситаи Рустами Ҷамолиддин ва ё ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи иттиҳоми додситону ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0