https://sputnik.tj/20210319/Davlatov-Tojikiston-Sputnik-V-Rusiya-qarz-1033035551.html
Давлатов гуфт, Тоҷикистон метавонад барои хариди "Спутник V" аз Русия қарз пурсад
Давлатов гуфт, Тоҷикистон метавонад барои хариди "Спутник V" аз Русия қарз пурсад
Sputnik Тоҷикистон
Абдулло Давлатов, табиби тоҷик, ки дар Русия кор мекунад, бар ин аст, ки Тоҷикистон метавонад аз Русия барои хариди ваксинаи "Спутник V" қарз пурсад 19.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-19T19:55+0500
2021-03-19T19:55+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
дору
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102310/38/1023103801_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_94f05e21adac3347e416958a568805e7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи коронавирус бо ваксинаи AstraZeneca рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Тибқи нақша, эмкунӣ алайҳи COVID-19 дар навбати аввал аз кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз мешавад."Вазорати тандурустии Тоҷикистон аллакай эълом дошт, ки ҷумҳурӣ аз ваксинаи AstraZeneca даст намекашад. Дар оянда, агар воқеан дар ҷумҳурӣ пайомадҳои номатлуби татбиқи ваксина сабт шаванд, он гоҳ мавзӯъ барои баҳсу баррасӣ пайдо хоҳад шуд", - гуфт Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.Давлатов гуфт, ӯ ҳам "Спутник V" ва ҳам доруи AstraZeneca -ро омӯхтааст ва афзуд, AstraZeneca метавонад таъсири манфӣ дошта бошад, зеро дар он аденовируси аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта истифода мешавад.Вай хотирнишон кард, ки худи кишварҳои ғарбӣ аллакай "таъсири манфӣ" -и ваксинаро муайян ва эълон карданд.Ба гуфтаи Давлатов, дар Тоҷикистон пул нест, аз ин рӯ ваксина аз ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ харида мешавад.Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон метавонад аз Русия барои хариди ваксина қарз бихоҳад. Давлатов инчунин афзуд, ки пурсишҳо дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сокинон ба Русия эътимоди бештар доранд.
https://sputnik.tj/20210319/lakhtshavi-khun-vaksin-AstraZeneca-1033033335.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Абдулло Давлатов: Ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам
Sputnik Тоҷикистон
Абдулло Давлатов: Ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам
2021-03-19T19:55+0500
true
PT6M16S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102310/38/1023103801_379:0:1819:1080_1920x0_80_0_0_2686489e62eebae6949cf28a76d1de66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, дору, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ, дору, дар тоҷикистон
Давлатов гуфт, Тоҷикистон метавонад барои хариди "Спутник V" аз Русия қарз пурсад
19:55 19.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Абдулло Давлатов, табиби тоҷик, ки дар Русия кор мекунад, бар ин аст, ки Тоҷикистон метавонад аз Русия барои хариди ваксинаи "Спутник V" қарз пурсад
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи коронавирус бо ваксинаи AstraZeneca рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Тибқи нақша, эмкунӣ алайҳи COVID-19 дар навбати аввал аз кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз мешавад.
"Вазорати тандурустии Тоҷикистон аллакай эълом дошт, ки ҷумҳурӣ аз ваксинаи AstraZeneca даст намекашад. Дар оянда, агар воқеан дар ҷумҳурӣ пайомадҳои номатлуби татбиқи ваксина сабт шаванд, он гоҳ мавзӯъ барои баҳсу баррасӣ пайдо хоҳад шуд", - гуфт Давлатов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Давлатов гуфт, ӯ ҳам "Спутник V" ва ҳам доруи AstraZeneca -ро омӯхтааст ва афзуд, AstraZeneca метавонад таъсири манфӣ дошта бошад, зеро дар он аденовируси аз ҷиҳати генетикӣ тағирёфта истифода мешавад.
Вай хотирнишон кард, ки худи кишварҳои ғарбӣ аллакай "таъсири манфӣ" -и ваксинаро муайян ва эълон карданд.
Ба гуфтаи Давлатов, дар Тоҷикистон пул нест, аз ин рӯ ваксина аз ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ харида мешавад.
"Агар Тоҷикистон қобилияти молиявӣ медошт, шояд мақомот "Спутник V" - ро мехариданд", - илова кард табиб.
Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон метавонад аз Русия барои хариди ваксина қарз бихоҳад. Давлатов инчунин афзуд, ки пурсишҳо дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки сокинон ба Русия эътимоди бештар доранд.