https://sputnik.tj/20210318/kordu-bolga-hamsar-dukhtari-6-solaash-padar-1033024481.html
Даҳшат: марде дар Ашт бо корду болға ҳамсар, духтари 6-солааш ва падару ҳамсояро кӯфт
Даҳшат: марде дар Ашт бо корду болға ҳамсар, духтари 6-солааш ва падару ҳамсояро кӯфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳише хабар медиҳад, ки марде қариб ҳамаи аъзои хонаводаи худ ва ҳамсояашро аз ҳаёт маҳрум мекард 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T15:15+0500
2021-03-18T15:15+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
ашт
ҳамсар
духтар
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101477/24/1014772457_0:113:1600:1013_1920x0_80_0_0_6fb5a3f46292a1830e99d8caac4a9a82.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зимни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.Гуфта мешавад, ки ин мард, рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш задааст.Баъдан, ба духтари хурдсоли 6-солааш, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ҳамла карда ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Бо ҳамаи ин қаноат накарда, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромадааст.Вазорат мегӯяд, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ӯ ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Мирзомалик ҳамсарашро кушту худашро корд зад: қатли бераҳмонаи Гулнигор дар ҶайҳунҲамин тариқ, номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада будааст, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Ҳомиладор шудаст: Савронбӣ гуфт, чаро маъшуқи 22-солаашро кушт - видеоМанбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210318/Zan-kudaki-poytakht-kusht-firor-bozdosht-1033022332.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101477/24/1014772457_50:0:1550:1125_1920x0_80_0_0_43446062d1be2aa8beda654263331337.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, ашт, ҳамсар, духтар, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, ашт, ҳамсар, духтар, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Даҳшат: марде дар Ашт бо корду болға ҳамсар, духтари 6-солааш ва падару ҳамсояро кӯфт
15:15 18.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳише хабар медиҳад, ки марде қариб ҳамаи аъзои хонаводаи худ ва ҳамсояашро аз ҳаёт маҳрум мекард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, зимни баргузории чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ин мард, рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш задааст.
Баъдан, ба духтари хурдсоли 6-солааш, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ҳамла карда ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Бо ҳамаи ин қаноат накарда, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромадааст.
Вазорат мегӯяд, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ӯ ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада будааст, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.