https://sputnik.tj/20210318/Vazir-iqtisod-kambagal-Tojikiston-1033026235.html
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тайи чор соли гузашта аз руи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид... 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T18:10+0500
2021-03-18T18:10+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
солеҳ завқизода
сатҳи камбизоатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c0d4c83e6d1aca3daf95a7742c1344ef.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин нуктаро имрӯз, 18 март, дар як мизи мудаввари муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” эълон кард. Вай гуфт, тайи солҳои 2016 – 2020 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд.“Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид. Рушди миёнасолонаи маҷмӯӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.Вазири иқтисод ва рушди савдо гуфт, мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо, тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, 32 зина беҳтар гардид.“Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои 2016-2020 таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбати шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон бармало буд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши умумии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 115,3 миллиард сомонӣ буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.Раҳмон гуфт дар соли гузашта чанд нафар дар Тоҷикистон соҳиби ҷои кор шудандДар ин мизи мудавваре, ки дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд, намояндагони доимии Барномаи Рушди СММ Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака низ ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20210302/Nigaroniho-gurusnagi-jahon-1032928997.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_0a427aecfab3ce76d6bcfd98d4089252.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, солеҳ завқизода, сатҳи камбизоатӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, солеҳ завқизода, сатҳи камбизоатӣ
Вазири рушди иқтисод ва савдо: сатҳи камбағалӣ дар Тоҷикистон пойин омад
18:10 18.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021)
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тайи чор соли гузашта аз руи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин нуктаро имрӯз, 18 март, дар як мизи мудаввари муаррифии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” эълон кард. Вай гуфт, тайи солҳои 2016 – 2020 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд.
“Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 74 фоиз кам гардид. Рушди миёнасолонаи маҷмӯӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.
Вазири иқтисод ва рушди савдо гуфт, мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо, тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, 32 зина беҳтар гардид.
“Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои 2016-2020 таъсири буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии глобалӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ нисбати шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон бармало буд”, - гуфт Завқӣ Завқизода.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши умумии лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 115,3 миллиард сомонӣ буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин мизи мудавваре, ки дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд, намояндагони доимии Барномаи Рушди СММ Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака низ ширкат доштанд.