Тошканд заводи истеҳсоли дастгоҳи нафасро ба роҳ монд: ба Тоҷикистон ҳам медиҳад

Обуна шудан
Ин лоиҳа 6 миллион арзиш дошта, интизор меравад ҳамасола то 500 адад таҷҳизоти тиббиро истеҳсол мекунад
Ширкати муштараки Русияву Ӯзбекистон, Shimco Group корхонаи истеҳсоли дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро ба роҳ андохт. Ин лоиҳа 6 миллиард доллар арзиш дорад.
Интизор меравад, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, ҳамасола то 500 адад таҷҳизоти тиббӣ бароварда мешавад.
В Узбекистане выздоровели еще пятеро заболевших коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID - 19 миёни кӯдакон дар Ӯзбекистон
Гуфта мешавад, дар корхона ташкили 100 ҷои кор ба нақша гирифта шудааст. Дар завод инчунин маркази хизматрасонӣ оид ба нигоҳубин ва таъмири таҷҳизот мавҷуд аст.
Сафири Русия дарӮзбекистон, Владимир Тюрденев, ки дар ифтитоҳи ин лоиҳа ширкат дошт, изҳор намуд, ки лоиҳаи мазкур на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми минтақа ниҳоят муҳим аст.
Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки маҳсулоти ширкат барои наҷоти садҳо ва ҳазорон нафар одамон кӯмак мекунад.
Зикр гардид, ки дар оянда то 80% -и таҷҳизоти истеҳсолшуда ба давлатҳои дигар содир карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар замони ҳамагирии пандемия Тоҷикистон аз лиҳози басанда набудани дастгоҳи мазкур ба мушкил мувоҷеҳ шуд.
Лентаи хабарҳо
0