Тоҷикистон аз АstraZeneca даст намекашад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкВакцина от коронавируса AstraZeneca
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 192 000 вояи ваксинаи АstraZeneca- ро дастрас намуданд ва интизор меравад, ки ояндаи наздик маъракаи эмгузаронӣ шурӯъ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз ваксини АstraZeneca даст намекашем.
Ин нуктаро муовини вазири тандурустии кишвар имрӯз зимни нишасти хабарие изҳор дошт.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҷумҳурӣ марҳилаи омодагӣ ба маъракаи эмгузаронӣ ҷараён дорад. Илова бар ин, Вазорати тандурусти аз рафти тафтишоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт оид ба муассирияти ваксинаи мазкур назорат мебарад. 
Вакцина AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Рӯзи оғози эмгузаронӣ бо AstraZeneca дар Тоҷикистон маълум нест
Ализода мегӯяд, вазорат ҳоло машғули таҳия кардани дастурамал барои тарзи дуруст гирифтани эм алайҳи коронвирус аст. Ин дастурамал бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва дастраси ҳамагон мегардад.
Дар дастурамал маълумоти муфассал аз омоадгии инсон ба эмгирӣ то тарзи дуруст гирифтани эм ва ҳамчунин маслиҳатҳо оиди пас аз ваксин гирифтан чӣ бояд кард, пурра навишта мешавад.
Ӯ мегӯяд, вазорат ҳатто масъалаи ҷамъоварии партовҳо аз ин ваксинро омӯхта, тарзи нигоҳ доштан ва сипас нест кардани онро дар дастурамал ҷо додаааст.
Бояд гуфт, ки аксар кишварҳои ИА ба далели таъсири манфии ваксини АstraZeneca аз он даст кашиданд.
Лентаи хабарҳо
0