https://sputnik.tj/20210318/Putin-Bayden-posukh-1033025568.html
"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран кишвардори русия Владимир Путин ба иттиҳомоти ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден посух гуфт 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T17:02+0500
2021-03-18T17:02+0500
2021-03-18T17:11+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033025396_0:0:2929:1648_1920x0_80_0_0_6c65253dd2d467f20808a16014544e94.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия таҳқири Ҷо Байден дар нисбати худро бе таваҷҷӯҳ нагузошт ва ба иттиҳомоти ӯ посух дод.Кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо ABC News, Владимир Путинро "қотил" номид. Ӯ аз ҷумла Русияро дигарбора ба он муттаҳам кард, ки ба ҷараёни интихоботи президентии он кишвар гӯё дахолат карданд ва нияти нором кардани вазъи Амрикоро доштанд.Путин дар посух ба иттиҳомоти Байден ба ӯ саломатӣ таманно кард.Илова бар ин, Путин таъкид намуд, ки русҳо коди дигари генетикӣ доранд, ки аз Амрико фарқкунанда мебошад. Қаблан Кремл низ ба иттиҳомот ва таҳқири рӯирости Владимир Путин аз ҷониби Байден вокуниш нишон дод. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, изҳороти Байденро хеле бад арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, бешубҳа Байден намехоҳад, ки муносибати худро бо русия беҳбуд бахшад.Вокуниши Кремл ба таҳқире, ки Байден нисбати Путин раво донистБа таъкиди Песков, Русия минбаъд аз рӯи ин далелҳо амал мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033025396_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_6957c6fece4f776f355f8db0c94cdf30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат
ҳамаи хабарҳо, дар русия, сиёсат
"Дашномдиҳанда худ лоиқи дашном аст": Путин ба Байден посух дод - навор
17:02 18.03.2021 (Навсозишуда: 17:11 18.03.2021) Ахиран кишвардори русия Владимир Путин ба иттиҳомоти ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден посух гуфт
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия таҳқири Ҷо Байден дар нисбати худро бе таваҷҷӯҳ нагузошт ва ба иттиҳомоти ӯ посух дод.
Кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо ABC News, Владимир Путинро "қотил" номид. Ӯ аз ҷумла Русияро дигарбора ба он муттаҳам кард, ки ба ҷараёни интихоботи президентии он кишвар гӯё дахолат карданд ва нияти нором кардани вазъи Амрикоро доштанд.
Путин дар посух ба иттиҳомоти Байден ба ӯ саломатӣ таманно кард.
"Оне, ки нафари дигарро дашном мекунад, худ лоиқи ин дашном аст. <...> Ман чунин посух мегуям: "Саломат бошад". Ман ба ӯ саломатӣ таманно мекунам", - изҳор доштааст Путин.
Илова бар ин, Путин таъкид намуд, ки русҳо коди дигари генетикӣ доранд, ки аз Амрико фарқкунанда мебошад.
Қаблан Кремл низ ба иттиҳомот ва таҳқири рӯирости Владимир Путин аз ҷониби Байден вокуниш нишон дод. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, изҳороти Байденро хеле бад арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, бешубҳа Байден намехоҳад, ки муносибати худро бо русия беҳбуд бахшад.
Ба таъкиди Песков, Русия минбаъд аз рӯи ин далелҳо амал мекунад.