https://sputnik.tj/20210318/Kumita-taftishot-Rusiya-surud-Manizharo-mesanjad-1033025626.html
Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижаро барои ташвиқи ифротгароӣ месанҷад
Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижаро барои ташвиқи ифротгароӣ месанҷад
Sputnik Тоҷикистон
Суруди Манижа "Russian Woman" барои Евровидение бо дархости фаъолони ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия барои изҳороти ғайриқонунӣ тафтиш карда... 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T17:30+0500
2021-03-18T17:30+0500
2021-03-18T17:49+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
манижа сангин
тафтишот
кумтаи тафтишоти фр
санҷиш
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033024519_62:0:1159:617_1920x0_80_0_0_48a4383ce57d06e15a6a0ad98e072d0e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия муроҷиатномаи ходимони ҷамъиятиро бо дархости санҷиши матни суруди сароянда Манижа қабул кард, гуфт намояндаи расмии шӯъба Светлана Петренко.Ба гуфти Петренко, аризаи шахсони ҷамъиятӣ тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи қонун баррасӣ хоҳад шуд.Қаблан, ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Ветеранские Вести" ба сабаби он ки ҳунарнамоии Манижа бо суруди Russian Woman ба раҳбарияти Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин муроҷиат карда буд.Кормандони нашрия матни сурудро "таҳқири шаъну шарафи занони Русия ва поймол кардани созишномаи миллӣ дар Федератсияи Русия" донистанд.Евровидение 2021Озмуни Евровидение 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам, Нидерланд баргузор мешавад. Дар саҳна ҳунармандони 41 кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.Бадтар аз коронавирусу кризис: посухи танзомези Манижа ба мунаққидонаш - видеоРусияро дар Eurovision 2021 Манижа, духтари зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда суруди Russian Woman ("Зани рус") -ро иҷро мекунад.Тамошобинони Шабакаи аввал бо додани овозҳо ӯро ҳамчун намоянда интихоб карданд. Ба ҷуз Манижа, гурӯҳҳои #2Маши ва Терр Майтс низ ширкат варзиданд.Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видеоСуруди "Зани рус" вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Ба Манижа бо интиқоди шадид, аз ҷумла вакилони Думаи давлатӣ ҳамла карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки таркиби матн арзишҳои "зидди Русия" -ро таблиғ мекунад.
https://sputnik.tj/20210318/Namohang-Manizha-Evrovidenie-2021-4-million-1033024197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033024519_199:0:1022:617_1920x0_80_0_0_10f74bbad62ca01e952c062d31bbbe57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, тафтишот, кумтаи тафтишоти фр, санҷиш
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, манижа сангин, тафтишот, кумтаи тафтишоти фр, санҷиш
Кумитаи тафтишотии Русия суруди Манижаро барои ташвиқи ифротгароӣ месанҷад
17:30 18.03.2021 (Навсозишуда: 17:49 18.03.2021) Суруди Манижа "Russian Woman" барои Евровидение бо дархости фаъолони ҷамъиятӣ аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия барои изҳороти ғайриқонунӣ тафтиш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18 март - Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия муроҷиатномаи ходимони ҷамъиятиро бо дархости санҷиши матни суруди сароянда Манижа қабул кард, гуфт намояндаи расмии шӯъба Светлана Петренко.
"Кумитаи тафтишотӣ аз як созмони ҷамъиятӣ бо дархости санҷиши калимаҳои суруди овозхон Манижа барои изҳороти эҳтимолии ғайриқонунӣ муроҷиатнома қабул кард", - гуфт вай.
Ба гуфти Петренко, аризаи шахсони ҷамъиятӣ тибқи тартиб ва мӯҳлати муқарраркардаи қонун баррасӣ хоҳад шуд.
Қаблан, ҳайати таҳририяи рӯзномаи "Ветеранские Вести" ба сабаби он ки ҳунарнамоии Манижа бо суруди Russian Woman ба раҳбарияти Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин муроҷиат карда буд.
Кормандони нашрия матни сурудро "таҳқири шаъну шарафи занони Русия ва поймол кардани созишномаи миллӣ дар Федератсияи Русия" донистанд.
Озмуни Евровидение 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам, Нидерланд баргузор мешавад. Дар саҳна ҳунармандони 41 кишвар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Русияро дар Eurovision 2021 Манижа, духтари зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Дар озмун сароянда суруди Russian Woman ("Зани рус") -ро иҷро мекунад.
Тамошобинони Шабакаи аввал бо додани овозҳо ӯро ҳамчун намоянда интихоб карданд. Ба ҷуз Манижа, гурӯҳҳои #2Маши ва Терр Майтс низ ширкат варзиданд.
Суруди "Зани рус" вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Ба Манижа бо интиқоди шадид, аз ҷумла вакилони Думаи давлатӣ ҳамла карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки таркиби матн арзишҳои "зидди Русия" -ро таблиғ мекунад.