https://sputnik.tj/20210318/Kishovarzoni-Tursunzoda-bo-qazoqiston-hamkori-1033021129.html
Кишоварзони Турсунзода бо ширкати ТОО "НТРС" Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд
Кишоварзони Турсунзода бо ширкати ТОО "НТРС" Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T12:45+0500
2021-03-18T12:45+0500
2021-04-22T17:43+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
ҳамкорӣ
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/29/1030952984_0:308:3077:2048_1920x0_80_0_0_87d9181218b63fb5075f3a3ab03d6b9d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дирӯз намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода сафари карданд.Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.Тибқи иттилои манбаъ, меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода роҳбаладӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои кишоварзони шаҳр шинос намудааст.Намояндагони ширкати ТОО "НТРС" аз ду хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода дидан кардаанд.Дар Хоҷагии деҳқонии "Доно" вобаста ба усули парвариши сабзавоти барвақтӣ ба намояндагони ширкати мазкур маълумот пешниҳод гардид.Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди токзор, парвариш ва нигоҳдории навъҳои гуногуни ангур ҷалб намуданд.Манбаъ афзуда, ки намояндагони ширкати қазоқистонӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода иброз доштанд.
https://sputnik.tj/20210313/ravodid-markaz-mahsulot-muloqoti-Ibodzoda-qazoiston-1032995860.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103095/29/1030952984_0:114:3077:2048_1920x0_80_0_0_e27443bd57ae0a484ef81cebef541a58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, қазоқистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кишоварзӣ, ҳамкорӣ, қазоқистон
Кишоварзони Турсунзода бо ширкати ТОО "НТРС" Қазоқистон ҳамкорӣ мекунанд
12:45 18.03.2021 (Навсозишуда: 17:43 22.04.2021) Намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дирӯз намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО "НТРС" бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти кишоварзон ба шаҳри Турсунзода сафари карданд.
Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба АМИТ "Ховар" иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода роҳбаладӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои кишоварзони шаҳр шинос намудааст.
Намояндагони ширкати ТОО "НТРС" аз ду хоҷагии деҳқонии шаҳри Турсунзода дидан кардаанд.
Дар Хоҷагии деҳқонии "Доно" вобаста ба усули парвариши сабзавоти барвақтӣ ба намояндагони ширкати мазкур маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди токзор, парвариш ва нигоҳдории навъҳои гуногуни ангур ҷалб намуданд.
Манбаъ афзуда, ки намояндагони ширкати қазоқистонӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода иброз доштанд.