https://sputnik.tj/20210318/Darguzasht-prezidenti-Tanzaniya-1033025182.html
Даргузашти президенти Танзания, ки мегуфт дуо кунеду COVID - 19 - ро ба забон нагиред
Даргузашти президенти Танзания, ки мегуфт дуо кунеду COVID - 19 - ро ба забон нагиред
Sputnik Тоҷикистон
Президенти яке аз кишварҳои Африқо, ки вуҷуди коронавирусро дар кишварарш инкор мекард ва мардумро ба дуохонӣ алайҳи ин беморӣ талқин менамуд, аз ин маризӣ... 18.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-18T16:35+0500
2021-03-18T16:35+0500
2021-08-10T17:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
даргузашт
президент
африқо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033024968_0:0:2911:1637_1920x0_80_0_0_8b7e752dc06c5ce7daf8e4963c16809d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Президенти Танзания Ҷон Магуфули дар синни 61-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Bloomberg бо истинод ба ноиби президенти кишвар Самия Сулуҳу Ҳасан.Дар бораи марги ӯ шоми 17 март маълум шуд. Сиёсатмадори мухолифи Танзания Тунду Лису қаблан гуфта буд, ки раҳбари кишвар гирифтори COVID-19 шуд ва ӯро ба Ҳиндустон бурданд.Ба гуфти Лиссу, президент қаблан дар Кения табобат мегирифт.Рӯзномаи Financial Times бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст, ки Магуфулӣ шадидан бемор буд. Ҳамчунин нашриёти кениягӣ бар асоси манбаъҳо ишора карда буд, ки "пешвои яке аз кишварҳои Африқо, ки тақрибан ду ҳафта дар назди мардум ҳозир нашуд, бо COVID-19 дар бемористони Найробӣ бистарӣ шудааст".Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Магуфули ба дастгоҳи нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.Бо вуҷуди ин, сарвазири Танзания, вазири корҳои ҳуқуқӣ ва сафири кишвар дар Намибия иттилоотро дар бораи сирояти коронавирус шудани президент рад кард.Худи Магуфули изҳор дошт, ки дар Танзания ягон ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.Вазорати тандурустии кишвар ишора кард, ки нақша барои хариди ваксинаҳо барои COVID-19 вуҷуд надорад. Президент аз шаҳрвандон даъват кард, ки барои мубориза бо бемориҳои роҳҳои нафас се рӯз дуо гӯянд, на мустақиман коронавирусро ёдовар нашаванд.Ҳушдори СММ дар бораи ноамнии ғизоии беш аз 88 миллион нафар дар ҷаҳонСозмони Ҷаҳонии Беҳдошт қайд кард, ки Танзания аз аввали моҳи майи соли гузашта дар бораи беморӣ ва фавт аз коронавирус ягон омор пешниҳод накардааст. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти СҶБ, дар кишвар 509 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва 21 фавт ошкор гардидааст.
https://sputnik.tj/20210117/Kishvardor-Gvineya-vaksina-Rusiya-em-shud-1032638285.html
https://sputnik.tj/20210112/Sputnik-V-Afriko-navor-1032609203.html
африқо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033024968_232:0:2549:1738_1920x0_80_0_0_e65dc170f91e88f212c0cd3e8e69b92b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, даргузашт, президент, африқо, коронавирус
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, даргузашт, президент, африқо, коронавирус
Даргузашти президенти Танзания, ки мегуфт дуо кунеду COVID - 19 - ро ба забон нагиред
16:35 18.03.2021 (Навсозишуда: 17:01 10.08.2021) Президенти яке аз кишварҳои Африқо, ки вуҷуди коронавирусро дар кишварарш инкор мекард ва мардумро ба дуохонӣ алайҳи ин беморӣ талқин менамуд, аз ин маризӣ вафот кард
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Президенти Танзания Ҷон Магуфули дар синни 61-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Bloomberg бо истинод ба ноиби президенти кишвар Самия Сулуҳу Ҳасан.
Дар бораи марги ӯ шоми 17 март маълум шуд. Сиёсатмадори мухолифи Танзания Тунду Лису қаблан гуфта буд, ки раҳбари кишвар гирифтори COVID-19 шуд ва ӯро ба Ҳиндустон бурданд.
Ба гуфти Лиссу, президент қаблан дар Кения табобат мегирифт.
Рӯзномаи Financial Times бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст, ки Магуфулӣ шадидан бемор буд. Ҳамчунин нашриёти кениягӣ бар асоси манбаъҳо ишора карда буд, ки "пешвои яке аз кишварҳои Африқо, ки тақрибан ду ҳафта дар назди мардум ҳозир нашуд, бо COVID-19 дар бемористони Найробӣ бистарӣ шудааст".
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, Магуфули ба дастгоҳи нафасдиҳӣ пайваст карда шуд.
Бо вуҷуди ин, сарвазири Танзания, вазири корҳои ҳуқуқӣ ва сафири кишвар дар Намибия иттилоотро дар бораи сирояти коронавирус шудани президент рад кард.
Худи Магуфули изҳор дошт, ки дар Танзания ягон ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустии кишвар ишора кард, ки нақша барои хариди ваксинаҳо барои COVID-19 вуҷуд надорад. Президент аз шаҳрвандон даъват кард, ки барои мубориза бо бемориҳои роҳҳои нафас се рӯз дуо гӯянд, на мустақиман коронавирусро ёдовар нашаванд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт қайд кард, ки Танзания аз аввали моҳи майи соли гузашта дар бораи беморӣ ва фавт аз коронавирус ягон омор пешниҳод накардааст. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти СҶБ, дар кишвар 509 ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва 21 фавт ошкор гардидааст.