https://sputnik.tj/20210317/safir-turkiya-tojikiston-etimodnoma-1033016090.html
Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд
Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд
Sputnik Тоҷикистон
Эмре Зекӣ Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Тоҷикистон озими Душанбе шуд 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T15:50+0500
2021-03-17T15:50+0500
2021-03-17T15:13+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
сафир
туркия
эътимоднома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033015920_79:-1:1163:613_1920x0_80_0_0_41f23d675dd3381db324b0719989db22.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сафири тозатаъйини Туркия дар Тоҷикистон ба Муовини якуми вазири умури хориҷӣ Хусрав Нозирӣ эътимоднома супурд.Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими сипоридани эътимоднома рӯзи 17 март сурат гирифт.Гуфта мешавад, Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.Зикр гардад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд. Манбаъ меафзояд, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Туркия дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.Ёдовар мешавем, ки моҳ гузашта кишвардори Тоҷикистон эмомалӣ раҳмон аз сафирони фавқулодаи 6 кишвар эътимоднома қабул кард.Аз ҷумла, сафирони Афғонистон, Фаронса, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия, ки тоза ба мақоми сафирони давлатҳои худ дар Тоҷикистон таъйин шуданд, эътимодномаашонро ба Эмомалӣ Раҳмон таслим намуданд.
https://sputnik.tj/20210218/Rahmon-safironi-Tojikiston-1032847618.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033015920_133:-1:1109:613_1920x0_80_0_0_fd96643c78e99d12beb2b4e4c8e7325a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, сафир, туркия, эътимоднома
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, сафир, туркия, эътимоднома
Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ба Нозирӣ эътимоднома супурд
Эмре Зекӣ Карагёл, сафири навтаъйини Туркия дар Тоҷикистон озими Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Сафири тозатаъйини Туркия дар Тоҷикистон ба Муовини якуми вазири умури хориҷӣ Хусрав Нозирӣ эътимоднома супурд.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими сипоридани эътимоднома рӯзи 17 март сурат гирифт.
Гуфта мешавад, Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия Эмре Зекӣ Карагёл нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.
Зикр гардад, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.
Манбаъ меафзояд, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Туркия дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳ гузашта кишвардори Тоҷикистон эмомалӣ раҳмон аз сафирони фавқулодаи 6 кишвар эътимоднома қабул кард.
Аз ҷумла, сафирони Афғонистон, Фаронса, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия, ки тоза ба мақоми сафирони давлатҳои худ дар Тоҷикистон таъйин шуданд, эътимодномаашонро ба Эмомалӣ Раҳмон таслим намуданд.