Ҳабси маъмурии ронанда барои дағалгуфторӣ-видео

© МВД РТАрест водителя Mercedes-Sprinter Ergashzoda
Арест водителя Mercedes-Sprinter Ergashzoda - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Пулиси шаҳри Хуҷанд як ронандаи мусофиркаши бадгуфторро ба ҳабси маъмурӣ равона кардааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, бадрафторӣ ва риоя накардани одоби муошират ҳангоми хизматрасонии мусофиркашонӣ сабаб шуд, ки нисбат ба ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "Мерседес- Спринтер" Эргашзода Рамазон Боири 31-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, мақомоти милитсия аз таъсиррасонии маъмурии ҳуқуқӣ кор гирад.
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Ронандаи фирорӣ пас аз шикояти хабарнигор ба Рамазон Раҳимзода боздошт шуд
Қаблан навори муносибати дағалонаи ронанда нисбати мусофирон ба шабакаи интернет роҳ ёфт ва вокуниши мардумро ба вуҷуд овард.
Тавре дар навор дида мешавад ронанда Рамазон Эргашзода бо мусофирон муносибати дағалона намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса, рӯзи 9-уми март, тахминан соати 19:00, дар истгоҳи Маркази савдои шаҳри Хуҷанд рух додааст.
"Ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш, ки дар хатсайри №100 хизматрасонӣ менамуд, одоби муошират ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, осудагии мусофиронро халалдор кардааст",-aфзудааст манбаъ.
Бо муайян шудани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, барои майдаавбошӣ нисбати Рамазон Эргашзода тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0