https://sputnik.tj/20210317/Uzbekisto-fehrist-manzil-ijora-donishju-1033012987.html
Дар Ӯзбекистон мехоҳанд феҳристи электронии манзилҳои иҷораро барои донишҷӯён омода кунанд
Дар Ӯзбекистон мехоҳанд феҳристи электронии манзилҳои иҷораро барои донишҷӯён омода кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки ташкили платформаи электронӣ имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯ, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён ба таври муназзам ҳал карда шавад 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T09:30+0500
2021-03-17T09:30+0500
2021-03-17T10:39+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/47/1031394795_0:310:3072:2048_1920x0_80_0_0_b32aaaacffdaa3a75ab9610bef390554.jpg
Душанбе, 17 мар - Sputnik. Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон фармоиши иҷтимоиро ба маблағи 300 миллион сӯм барои эҷоди як системаи электронӣ эълон кард, ки иҷорадиҳандагон ва донишҷӯёнро дар як майдон муттаҳид мекунад, то ба охирон дар ёфтани манзили иҷора кумак кунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Ҳукумати вилояти Самарқанд ин ташаббусро дастгирӣ кардааст, зеро мушкилоти таъмини донишҷӯёни донишгоҳҳо бо хобгоҳҳо дар минтақа муҳим аст.Дар ҳоли ҳозир, дар минтақа тақрибан 60 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва танҳо шаш ҳазор нафари онҳо метавонанд дар хобгоҳҳо ҷойгир шаванд - барои ҳама ҷой намерасад.Аксари ҷавонон дар манзилҳои ғайрирасмии иҷора ё дар хонаҳои худ зиндагӣ мекунанд.Мушкилоти дигар ин набудани муносибатҳои шаффофи байни донишҷӯён ва соҳибхонаҳо мебошад. Интизор меравад, ки эҷоди платформа имкон медиҳад, ки масъалаҳои дарёфт, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён дар асоси мунаҳҳам ҳал карда шаванд.Дар назди донишгоҳҳо вазифа гузошта шудааст, ки шумораи хобгоҳҳои донишҷӯёнро ба ҳадди аксар расонанд, системаи иҷораи манзилро таҳия кунанд ва механизмҳоеро таҳия кунанд, ки ҷустуҷӯи манзилҳои иҷоравиро осон мекунанд.Аз Файзобод то Роштқалъа: таъсиси нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои соли 2021Гуфта мешавад, дар 129 донишгоҳи кишвар беш аз 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, аммо на ҳама дар хобгоҳҳо ҷойҳои кофӣ доранд. Дар Тошканд 85 хобгоҳ аст, ки танҳо 13% донишҷӯёнро фаро мегирад."Худро бисанҷ": барои осон кардани имтиҳони дохилшавии довталабони тоҷик дар ДушанбеЁдовар мешавем, дар Тоҷикистон низ махсусан дар Душанбе мушкили дарёфти хонаҳои иҷора сол ба сол мушкил ва гарон мешавад. Донишгоҳҳо низ иқтидори пурра таъмин кардани ниёзмандон ба ҷойи хобро надоранд ва ҳамзамон чунин талоше барои ҳалли ин мушкил пеш гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210313/Khujand-imtihon-tahsil-donishgoh-Rusiya-1032996434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/47/1031394795_0:118:3072:2048_1920x0_80_0_0_a3d2851b1e75cdb227b39ee2929c2d39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ
Дар Ӯзбекистон мехоҳанд феҳристи электронии манзилҳои иҷораро барои донишҷӯён омода кунанд
09:30 17.03.2021 (Навсозишуда: 10:39 17.03.2021) Интизор меравад, ки ташкили платформаи электронӣ имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯ, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён ба таври муназзам ҳал карда шавад
Душанбе, 17 мар - Sputnik. Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон фармоиши иҷтимоиро ба маблағи 300 миллион сӯм барои эҷоди як системаи электронӣ эълон кард, ки иҷорадиҳандагон ва донишҷӯёнро дар як майдон муттаҳид мекунад, то ба охирон дар ёфтани манзили иҷора кумак кунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҳукумати вилояти Самарқанд ин ташаббусро дастгирӣ кардааст, зеро мушкилоти таъмини донишҷӯёни донишгоҳҳо бо хобгоҳҳо дар минтақа муҳим аст.
Дар ҳоли ҳозир, дар минтақа тақрибан 60 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад ва танҳо шаш ҳазор нафари онҳо метавонанд дар хобгоҳҳо ҷойгир шаванд - барои ҳама ҷой намерасад.
Аксари ҷавонон дар манзилҳои ғайрирасмии иҷора ё дар хонаҳои худ зиндагӣ мекунанд.
Мушкилоти дигар ин набудани муносибатҳои шаффофи байни донишҷӯён ва соҳибхонаҳо мебошад. Интизор меравад, ки эҷоди платформа имкон медиҳад, ки масъалаҳои дарёфт, интихоби ҷой ва ҷойгиркунии донишҷӯён дар асоси мунаҳҳам ҳал карда шаванд.
Дар назди донишгоҳҳо вазифа гузошта шудааст, ки шумораи хобгоҳҳои донишҷӯёнро ба ҳадди аксар расонанд, системаи иҷораи манзилро таҳия кунанд ва механизмҳоеро таҳия кунанд, ки ҷустуҷӯи манзилҳои иҷоравиро осон мекунанд.
Гуфта мешавад, дар 129 донишгоҳи кишвар беш аз 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, аммо на ҳама дар хобгоҳҳо ҷойҳои кофӣ доранд. Дар Тошканд 85 хобгоҳ аст, ки танҳо 13% донишҷӯёнро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон низ махсусан дар Душанбе мушкили дарёфти хонаҳои иҷора сол ба сол мушкил ва гарон мешавад. Донишгоҳҳо низ иқтидори пурра таъмин кардани ниёзмандон ба ҷойи хобро надоранд ва ҳамзамон чунин талоше барои ҳалли ин мушкил пеш гирифта нашудааст.