Туман мефарояд: обу ҳавои имрӯзи Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо бошад туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф меборад.
Дар шарқии вилоят бориши сусти барф дар назар аст.
Женщина во время пыльной бури в городе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Тӯфони рег ба Қазоқистон ҳам расид: видео
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрноки бебориш шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон меборад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона  3+5 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад
Лентаи хабарҳо
0