https://sputnik.tj/20210317/Sana-ogozi-moh-Ramazon-Tojikiston-1033015817.html
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистонро гуфт 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T14:53+0500
2021-03-17T14:53+0500
2021-03-17T14:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_649744db6030cf1d67916a7a2adcdf47.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол эҳтимол аст моҳи шарифи Рамазон ба 13 апрел рост ояд.Ин манбаъ гуфт ҳоло қарори важаи Шӯрои уламои кишвар дар ин бора содир нашудаастӮ гуфт, барои муайян кардани санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон, масъулини Шӯрои уламо бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ҳамкорӣ доранд.“Қарори ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқ пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳо ва Шӯрои уламо қабул ва дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад”, - афзуд манбаъ.Ёдовар мешавем, қаблан Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон низ гуфта буд, ки санаи эҳтимолии оғози моҳи Рамазонро 13 ва 14-уми апрел аст.Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.Эълони рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон дар ҚирғизистонТибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210317/Vakili-toik-ba-100-oilai-nizmand-kmak-rasond-1033014588.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_74ba38c5f94a3545936ca88a6cdc4152.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон маълум шуд
14:53 17.03.2021 (Навсозишуда: 14:57 17.03.2021) Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон санаи эҳтимолии оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистонро гуфт
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Як манбаъ аз Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имсол эҳтимол аст моҳи шарифи Рамазон ба 13 апрел рост ояд.
Ин манбаъ гуфт ҳоло қарори важаи Шӯрои уламои кишвар дар ин бора содир нашудааст
Ӯ гуфт, барои муайян кардани санаи дақиқи оғози моҳи Рамазон, масъулини Шӯрои уламо бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо ҳамкорӣ доранд.
“Қарори ниҳоӣ дар бораи санаи дақиқ пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳо ва Шӯрои уламо қабул ва дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад”, - афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, қаблан Идораи рӯҳонии мусалмонони Қирғизистон низ гуфта буд, ки санаи эҳтимолии оғози моҳи Рамазонро 13 ва 14-уми апрел аст.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.