Сафорати Русия ба иттиҳоми ИМА дар бораи "дахолат" ба интихобот посух дод

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВашингтон перед инаугурацией Д.Трампа
Вашингтон перед инаугурацией Д.Трампа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Русияро дар гузхашта низ айнан барои дахолат кардан ба интихоботи президенти Амрико муттаҳам намуда буданд
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Сафорати Русия дар Вашингтон мегӯяд, тамоми иттиҳомоти иктишофии Амрико бобати он ки, гӯё русия ба интихоботи он кишвар мудохила намудаст, бепоя аст.
Рӯзи сешанбе дар як гузориши махфии иктишофӣ, Русияро ба он муттаҳам намуданд, ки гӯё ба пирӯз шудани Байден халал ворид намуда, ба Доналд Трамп барои дигарбора сари қудрат омадан, кӯмак кард. Ҳамчунин дар ин гузориш таъкид шудаст, ки русия саъй намуд, то ҷомеаи амрикоро ба ихтилоф биёрад.
Купюры долларов в унитаз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Гузоришгарон дар барораби Русия ҳамчунин аз Эрону Куба ва "Ҳизбулло" ном бурданд, ки дар дахолат кардан ба раванди интихоботи Амрико даст доштанд.
Ин санад ҳамчунин эълом кард, ки алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ карда мешаванд.
"Ягон факти дақиқ, ки иттиҳомоти мазкурро собит мекунад, пеш намеоранд", - гуфта мешавад дар хабари сафорати русия дар Вашингтон.
Дипломатҳо таъкид карданд, ки айбномаҳои ахири ИМА, ба ҳеҷ ваҷҳ муносибатҳои дуҷониба миёни ин ду кишварро ба эътидол намеорад.
Котиби матбуоти президенти ИМА Ҷен Псаки қаблан нагуфт, ки кай таҳримҳои навбатӣ алайҳи Русия ҷорӣ карда мешаванд. Тибқи иттилои CNN, Кохи Сафед метавонист чунин иқдомро ҳанӯз ҳафтаи оянда рӯи даст гирад.
Байден гуфт, "Русияро ба посух гуфтан" маҷбур мекунад
Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд. Дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ намоянда аз демократҳо Ҷо Байден бо ба даст овардани 306 раъйи мардум пирӯз шуд. Рақиби асосии ӯ, Доналд Трамп 232 раъй гирифт ва имкони дубора сари қудрат нишастанро аз даст дод.
Зимнан, Трамп чандин маротиба Байденро ба кӯшиши "дуздии интихобот" муттаҳам намуда буд. Вакили мудофеи ӯ, Руди Ҷулиана низ қад кард, ки дар интихоботи ахир қонуншиканиҳо ҷой доштанд.
Бояд зикр намуд, ки Русияро дар гузашта низ айнан барои дахолат кардан ба интихоботи президенти Амрико муттаҳам намуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0