Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия муносибатҳои байнипарлумониро баррасӣ кард

© Госдума РФГлава парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафири Русия Сергей Лякин-Фролов муносиботи байнипарламентии дуҷонибаро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ кӯшишу ҳавасмандии Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар кишварро дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии миёни Тоҷикистон ва Россия нек арзёбӣ карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро дар муайянсозии афзалиятҳои асосии рушди муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба изҳор доштааст.
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Зокирзода аз раванди устувори ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ бо Русия зикр кард
Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
“Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ, таъкид гардид”,-афзуд манбаъ.
Рустами Эмомалӣ қайд намудааст, ки таҳкими ҳамкории мутақобила дар ҳошияи Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ яке аз самтҳои муҳими давраи раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ин созмон маҳсуб меёбад.
Русия барои кӯмак ба мактабхонҳои Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо кард
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони мазкур 31 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0