Эмомалӣ Раҳмон ба аксбардори хунукхӯрдаи Путин ғамхорӣ кард: нақли шоҳид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Рӯзноманигоре, ки дар Кремл кор кардааст ҳангоми сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, қиссаеро дар бораи як ҳодисаи хандаовар нақл кард
ДУШАНБЕ, 17 мар- Sputnik. Журналисти ҳайати хабарнигорони Кремл як воқеаи хандовареро нақл кард, ки бо аксбардори ҳайат дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон рух додааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Раҳмон гуфт, баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ механдиданд: шарҳ дод, ки чаро
Ҳамин тариқ, рӯзноманигоре, ки сафари президенти Русия Владимир Путин ба Душанберо инъикос кардааст, ҷузъиёти кори хабарнигорон дар ин чорабиниро гуфт.
Нақли рӯзноманигор дар бора замони рухдоди ин ҳолат мушаххас нашудааст, аммо албатта он дар бораи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2017 буд.
Тавре ки хабарнигор гуфтааст, суратгир Михаил Митсел, ки сафари раҳбари Русияро инъикос кардааст, дар қатори дигарон интизори омадани Путин буд.
Бо вуҷуди сардии ҳавои моҳи феврал, Митсел дар тан танҳо шиму курта дошт.
"Чунин ба назар мерасид, ки офтоб ҳаст, аммо наметавонистед муддати дароз дар як ҷо истода бошед. Ҳама дар тан либоси зимистона доштанд ва Миша бо курта давида баромаду ба умеде буд, ки зуд акс мегираду меравад. Аммо на. Истодаанд, мунтазиранд",- гуфт рӯзноманигор.
Омадани Путинро ҷониби Тоҷикистон низ таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон интизор буд.
"Раҳмон бо либоси зимистона буду, Миша бо курта. Президенти Тоҷикистон ба моржи русӣ ҳайрон менигарад", - гуфт як шоҳиди айнӣ.
Сипас, Раҳмон ғайриинтизор ба назди хабарнигори аксбардор омада пурсид, ки ӯ хунук нахурдааст.
"Муътадил аст!" - ҷавоб дод Михаил.
Маълум шуд, ки Путин ба Раҳмон дар Соли нави милодӣ чӣ орзу кардааст
Интизорӣ тӯл кашид ва Раҳмон бори дигар бо нигаронӣ аз рӯзноманигор пурсид, ки оё ӯ шамол нахӯрдааст?
Агар Путин намеомад, пас, эҳтимолан, Раҳмон палтояшро ба Миша ҳадя мекард.
Ҳоло Метсел ягона рӯзноманигор дар ҳайати хабарнигорони Кремл аст, ки раҳбари хориҷӣ аз саломатии ӯ изҳори нигаронӣ кардааст, илова кард шоҳид вазъи хандаовар.
Лентаи хабарҳо
0