Путин ва Ҷаббаров дар Қирғизистон корхонаи коркарди тилло ифтитоҳ намуданд

© © Фото / пресс-служба правительства/ Алишер АлиевСтроительство фабрики на месторождении Джеруй. Архивное фото
Строительство фабрики на месторождении Джеруй. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Лоиҳа аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ яке аз бузургтарин дар таърихи ҳамкориҳои Русия ва Қирғизистон ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 17 мар- Sputnik. Кишвардорони Русияву Қирғизистон Владимир Путин ва Содир Ҷабборов дар кони Ҷеруи минтақаи Талас як корхонаи истихроҷи тилло ифтитоҳ карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин дар ин чорабинӣ дар фазои маҷозӣ иштирок кард.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Киргизии С. Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Дар маросими ифтитоҳи корхона, ба ҷуз роҳбарони ин ду давлат, ҳамчунин президенти "Гурӯҳи Алянс" Мусо Баҷоев ва раиси раёсати Бонки ВТБ Андрей Костин иштирок ва суханронӣ карданд.
Гуфта мешавад, Ҷабборов ба Владимир Путин барои ҳузури фосилавии ӯ дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ифтитоҳи муштараки корхона аз шарикии наздик ва муносибатҳои босуръат инкишофёбандаи ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар навбати худ, Путин таъкид кард, ки ба кор андохтани ин корхона барои ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Қирғизистон ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими минбаъдаи шарикии ду давлат муҳим аст.
Ҷабборов кишвардори Русияро ба Қирғизистон хонд
"Сухан дар бораи ҳаҷми рекордии сармоягузориҳои Русия дар Қирғизистон меравад, ки ҳудуди 600 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Дар ин ҷо технологияҳои пешрафтае истифода мешаванд, ки ба ҳама меъёрҳо ва стандартҳо ҷавобгӯ мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки бидуни зарар ба муҳити зист дар як сол то панҷ тонна тилло истихроҷ карда шавад", - афзудааст, Владимир Путин.
Бояд гуфт, ки ин лоиҳа яке аз бузургтарин дар таърихи ҳамкориҳои Русия ва Қирғизистон ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0