https://sputnik.tj/20210317/Nashr-kitob-Zaryob-Dushanbe-1033019443.html
Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон
Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон
Sputnik Тоҷикистон
Роману ҳикояҳои Раҳнаварди Зарёб, адиби шинохтаи адабиёти форсу тоҷик, ки чанд моҳи қабл бар асари коронавирус даргузашт, таҳти унвони “Гулнор ва ойина” дар... 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T20:00+0500
2021-03-17T20:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
китоб
нашр
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_48daf24ccc146505da945d4809f20951.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Бино ба иттилои масъулини нашри китоб, роману ҳикояҳои ин нависандаи забардасти тоҷики Афғонистон бори аввал дар Тоҷикистон рӯи чопро мебинад.Сипеҳри Кароматуллоҳ, рӯзноманигори тоҷик, ки ин китобро баргардон кардааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин китоб романи “Гулнор ва ойина”, яке аз шоҳкориҳои марҳум Зарёб ва бист достони ӯро дарбар мегирад.“Пешгуфтори китобро нависанда ва рӯзноманигори номвари Афғонистони муосир Раззоқи Маъмун навиштааст, ки таҷрибаи шогирдӣ, ҳамкорӣ ва рафоқат бо марҳум Зарёбро дошт. Ҳадафи ман ба мардуми Тоҷикистон ошно кардани ин нависанда, классики зиндаи адабиёти мо буд, ки бо камоли таассуф, дар замони зиндагияш дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ ташвиқ нашуд. Ҳоло умедворам, ки аз роману достонҳояш мо ӯро хоҳем шинохт”, - гуфт Сипеҳри Кароматуллоҳ.Романи “Гулнор ва ойина”, яке аз асарҳои мондагори насри тоҷику форс аст, ки зиндагии пур аз фоҷиа, аммо моломол аз барҷастагиҳои ахлоқиву маънавии як ҳиндудухтари кобулиро ривоят мекунад.Ҳикоя - достонҳои “Морҳои зери дарахти санҷид”, “Овозе аз миёни қарнҳо”, “Донишманд ва саги ҳамсоя”, “Марди кӯҳистон” ва “Мурғе, ки мурд” кайҳо ба хазинаи тилоии адабиёти тоҷику форс ворид шудаанд ва ривояти инсонҳоеро мекунанд, ки дар ин кишвари мазлум ва ранҷдида оташи инсоният, ҷавонмардӣ ва меҳрубониро афрӯхта нигоҳ медоранд.Муҳаммадаъзам Раҳнавард Зарёб нависандаи достони кӯтоҳ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи адабии маъруфи Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20 ва ду даҳаи асри 21 буд, ки 10 декабри соли гузашта аз маризии “вируси корона” вафот кард.Зарёб аз классикони зиндаи адабиёти тоҷику форс ба шумор меомад. Аз ӯ даҳҳо роману достон, намоишнома, танзҳо ва мақолоти адабӣ ба мерос мондаанд, ки маъруфтаринашон “Гулнор ва ойина”, “Шаҳри тилисмшуда”, “Марде, ки сояаш таркиш кард”, “Ҳазёнҳои даври ғурбат”, “Гунги хобдида”, “Дарвеши панҷум” ва ғайра мебошанд.Нашри ин китоб аз сӯи Ато Муҳаммади Нур, яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон, сармоягузорӣ шуда, ба ҳаводорони китоб дар Тоҷикистон ба истиқболи 30 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон ройгон ҳадя мешавад.
https://sputnik.tj/20210222/ozmun-furugh-prezident-1032871559.html
https://sputnik.tj/20210111/Dar-Tojikiston-mujassamai-Ramzi-kitob-bunyod-meshavad-1032604200.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_a8ae77c70a8cf0a82c622e834e737e15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, китоб, нашр, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, китоб, нашр, дар тоҷикистон
Нашри китоби Зарёб дар Душанбе - тӯҳфаи Ато Муҳаммади Нур ба китобдӯстон
20:00 17.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Роману ҳикояҳои Раҳнаварди Зарёб, адиби шинохтаи адабиёти форсу тоҷик, ки чанд моҳи қабл бар асари коронавирус даргузашт, таҳти унвони “Гулнор ва ойина” дар шаҳри Душанбе ба чоп расид
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Бино ба иттилои масъулини нашри китоб, роману ҳикояҳои ин нависандаи забардасти тоҷики Афғонистон бори аввал дар Тоҷикистон рӯи чопро мебинад.
Сипеҳри Кароматуллоҳ, рӯзноманигори тоҷик, ки ин китобро баргардон кардааст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин китоб романи “Гулнор ва ойина”, яке аз шоҳкориҳои марҳум Зарёб ва бист достони ӯро дарбар мегирад.
“Пешгуфтори китобро нависанда ва рӯзноманигори номвари Афғонистони муосир Раззоқи Маъмун навиштааст, ки таҷрибаи шогирдӣ, ҳамкорӣ ва рафоқат бо марҳум Зарёбро дошт. Ҳадафи ман ба мардуми Тоҷикистон ошно кардани ин нависанда, классики зиндаи адабиёти мо буд, ки бо камоли таассуф, дар замони зиндагияш дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ ташвиқ нашуд. Ҳоло умедворам, ки аз роману достонҳояш мо ӯро хоҳем шинохт”, - гуфт Сипеҳри Кароматуллоҳ.
Романи “Гулнор ва ойина”, яке аз асарҳои мондагори насри тоҷику форс аст, ки зиндагии пур аз фоҷиа, аммо моломол аз барҷастагиҳои ахлоқиву маънавии як ҳиндудухтари кобулиро ривоят мекунад.
Ҳикоя - достонҳои “Морҳои зери дарахти санҷид”, “Овозе аз миёни қарнҳо”, “Донишманд ва саги ҳамсоя”, “Марди кӯҳистон” ва “Мурғе, ки мурд” кайҳо ба хазинаи тилоии адабиёти тоҷику форс ворид шудаанд ва ривояти инсонҳоеро мекунанд, ки дар ин кишвари мазлум ва ранҷдида оташи инсоният, ҷавонмардӣ ва меҳрубониро афрӯхта нигоҳ медоранд.
Муҳаммадаъзам Раҳнавард Зарёб нависандаи достони кӯтоҳ, рӯзноманигор ва муҳаққиқи адабии маъруфи Афғонистон дар нимаи дуввуми асри 20 ва ду даҳаи асри 21 буд, ки 10 декабри соли гузашта аз маризии “вируси корона” вафот кард.
Зарёб аз классикони зиндаи адабиёти тоҷику форс ба шумор меомад. Аз ӯ даҳҳо роману достон, намоишнома, танзҳо ва мақолоти адабӣ ба мерос мондаанд, ки маъруфтаринашон “Гулнор ва ойина”, “Шаҳри тилисмшуда”, “Марде, ки сояаш таркиш кард”, “Ҳазёнҳои даври ғурбат”, “Гунги хобдида”, “Дарвеши панҷум” ва ғайра мебошанд.
Нашри ин китоб аз сӯи Ато Муҳаммади Нур, яке аз шахсиятҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон, сармоягузорӣ шуда, ба ҳаводорони китоб дар Тоҷикистон ба истиқболи 30 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон ройгон ҳадя мешавад.