Ҳушдори КҲФ аз хатари селу сангрезӣ ва тармафароӣ то охири ҳафта

© КЧС РТЛиквидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон сокинони кишварро аз хатари сангрезӣ ва тармафароӣ то охири ҳафта ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин ниҳод бо такя ба пешгӯии обуҳавошиносон иттилоъ додааст, ки дар водиҳо, доманакӯҳҳои Хатлон, Суғд ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма, сангрезӣ то 19 марти соли ҷорӣ ва инчунин сел пешгӯӣ карда мешавад.
Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Тоҷикистониёнро дар Наврӯз борону жола ва раъду барқ интизор аст
Ғайр аз ин, дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд шамол метавонад то 20-25 метр дар сония, дар баъзе ҳолатҳо бо афзоиши 25-30 метр дар сония зиёд шавад, афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафар, рафтан ба ҷойҳои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ кунанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳои тарма-фаромадани роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Ёдовар мешавме, дар пайи номусоидии боду ҳавои чанд рӯзи гузашта дар қисматҳои кӯҳии кишвар тармафароӣ ба амал омад, ки дар пайи он роҳҳо муваққатан баста шуда, ҳамзамон се корманди як корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расиданд.
Туман мефарояд: обу ҳавои имрӯзи Тоҷикистон
Бар асоси пешгӯиҳои обуҳавосанҷони кишвар номусоидии боду ҳаво тайи рӯзҳои таҷлил Наврӯз низ вуҷуд дошта, Тоҷикистониёнро раъду барқ ва борону жола интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0