https://sputnik.tj/20210317/Dastur-shardor-khizmatrasoni-kommunali-peshpardokht-1033019882.html
Дастури шаҳрдорӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ бо пешпардохт
Дастури шаҳрдорӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ бо пешпардохт
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, зимни баррасии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар пойтахт барои пурра гузаштан ба низоми биллингӣ дастур додааст 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T20:28+0500
2021-03-17T20:28+0500
2021-04-22T16:50+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101694/73/1016947370_0:130:1601:1035_1920x0_80_0_0_694092c9c345a338ff25c1271d1bd18e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи вакилони халқии пойтахт имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва сабти биною иншооте, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе гузаронда шуданд, баррасӣ гардиданд.Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор ниҳодҳои марбутаро барои ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволи фурӯхташуда ва иҷора, таъмини бақайдгирии пурраю дурусти амвол муваззаф кардаанд.Дар мавриди бино ва иншооте, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисию таҷҳизонидани корхонаҳои коммуналӣ чораандешӣ карда шавад.Солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ аз дастурҳои дигаре будаанд, ки шаҳрдорӣ ба мақомоти дахлдор додааст.
https://sputnik.tj/20200122/Puli-barq-tariqi-billing-noziron-ikhtisoru-jamovari-beshtar-meshavad-1030587476.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101694/73/1016947370_0:30:1601:1035_1920x0_80_0_0_03f58fe19ed86f9f2f92a644cd45d2f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар тоҷикистон, душанбе
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар тоҷикистон, душанбе
Дастури шаҳрдорӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ бо пешпардохт
20:28 17.03.2021 (Навсозишуда: 16:50 22.04.2021) Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, зимни баррасии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар пойтахт барои пурра гузаштан ба низоми биллингӣ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, дар ҷаласаи вакилони халқии пойтахт имрӯз масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва сабти биною иншооте, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе гузаронда шуданд, баррасӣ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки шаҳрдор ниҳодҳои марбутаро барои ба иҷора супоридани масоҳатҳои озоди моликияти коммуналӣ, пурра таъмин намудани ҷамъоварии маблағҳои амволи фурӯхташуда ва иҷора, таъмини бақайдгирии пурраю дурусти амвол муваззаф кардаанд.
Дар мавриди бино ва иншооте, ки аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки барои барқарорсозӣ ва азнавсозии инфраструктураи муҳандисию таҷҳизонидани корхонаҳои коммуналӣ чораандешӣ карда шавад.
Солимгардонии иқтисодии корхонаҳои партовкашонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди партовҳои истеҳсолӣ, пурра ба системаи биллингӣ гузаштан ва бартараф намудани қарздориҳо, инчунин пурра фаро гирифтани муштариён бо шартномабандӣ аз дастурҳои дигаре будаанд, ки шаҳрдорӣ ба мақомоти дахлдор додааст.