https://sputnik.tj/20210317/1033016940.html
Соли нав дар Эрон: аз суманак то аловпарак - акс
Соли нав дар Эрон: аз суманак то аловпарак - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон ҷашни асосии баҳор Наврӯз мебошад, ки бо маросимҳои хос таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн соли нави мардуми эронинажод ба шумор меравад 17.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-17T16:07+0500
2021-03-17T16:07+0500
2021-03-17T16:08+0500
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033016263_0:122:1201:800_1920x0_80_0_0_5001dc9e60153ff3a4f24a99357c423d.jpg
Мардумони эронинажод Наврӯзро чун ҷашни баҳор, санаи баробарии шабу рӯз ва сари сол таҷлил мекунанд. Бар асоси гузориши аксӣ, дар Эрон аллакай омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз ё худи Соли нав оғоз шудааст. Дар кӯчаю хиёбонҳои Эрон овезаҳо бо навиштаҷоти Соли нав муборак насб шудаанд.Дар дӯконҳо лавозимоти ҷашнӣ, аз аз ҷумла ашёҳо барои оташбозӣ ба савдо гузошта шудаанд.Дар баробари ин анъанаҳое, ки ҳазорҳо сол собиқа доранд ҳанӯз фаромӯш нашудаанд. Аз ҷумла дар ин арафа гулхани бузург афрӯхта мешаваду гирди он мардум хурсандӣ мекунанд ва аз болои он меҷаҳанд. Ин маросимро чоршанбесурӣ мегӯянд. Дар Тоҷикистон аз он аловпарак ном мебаранд, ки ба бовари аҷдодон, инсон ба ҳамин восита аз тамоми бадию бадбахтиҳои гузашта тоза мешавад.Инчунин дар дегҳои калон суманак омода карда мешавад.Замони дақиқи пайдоиши Наврӯз маълум нест, аммо муайян шудааст, ки ин ид ҳадди ақал тайи беш аз 3 ҳазор соли охир ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
https://sputnik.tj/20210317/Khujand-Bogshahri-navruz-bunyod-1033014427.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033016263_0:46:1201:800_1920x0_80_0_0_978238e508cde395dcc689a07ce11740.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс
Соли нав дар Эрон: аз суманак то аловпарак - акс
16:07 17.03.2021 (Навсозишуда: 16:08 17.03.2021) Дар Эрон ҷашни асосии баҳор Наврӯз мебошад, ки бо маросимҳои хос таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн соли нави мардуми эронинажод ба шумор меравад
Мардумони эронинажод Наврӯзро чун ҷашни баҳор, санаи баробарии шабу рӯз ва сари сол таҷлил мекунанд.
Бар асоси гузориши аксӣ, дар Эрон аллакай омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз ё худи Соли нав оғоз шудааст. Дар кӯчаю хиёбонҳои Эрон овезаҳо бо навиштаҷоти Соли нав муборак насб шудаанд.
Дар дӯконҳо лавозимоти ҷашнӣ, аз аз ҷумла ашёҳо барои оташбозӣ ба савдо гузошта шудаанд.
Дар баробари ин анъанаҳое, ки ҳазорҳо сол собиқа доранд ҳанӯз фаромӯш нашудаанд. Аз ҷумла дар ин арафа гулхани бузург афрӯхта мешаваду гирди он мардум хурсандӣ мекунанд ва аз болои он меҷаҳанд. Ин маросимро чоршанбесурӣ мегӯянд. Дар Тоҷикистон аз он аловпарак ном мебаранд, ки ба бовари аҷдодон, инсон ба ҳамин восита аз тамоми бадию бадбахтиҳои гузашта тоза мешавад.
Инчунин дар дегҳои калон суманак омода карда мешавад.
Замони дақиқи пайдоиши Наврӯз маълум нест, аммо муайян шудааст, ки ин ид ҳадди ақал тайи беш аз 3 ҳазор соли охир ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Аловпарак ё худ чоршанбесурӣ аз анъанаҳои қадимии Наврӯз ё худ соли нави мардуми эронинажод

Фурӯши ашёҳои ҷашнӣ дар Эрон

Омодасозии суманак дар дегҳои бузург

Овозаи Соли нав муборак дар дӯконе дар Эрон

Омодагиҳо ба истиқболи Соли нав дар Эрон

Истиқбол аз соли нав дар Эрон

Истиқбол аз соли нав дар Эрон

Омодасозии суманак дар дегҳои бузург

Марде ҳангоми омодасозии суманак дар дегҳои бузург

Маросими аловпарак дар пеши хона