Бистарӣ шудани тоҷири шинохтаи Тоҷикистон дар шуъбаи эҳё - акс

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль реанимации.
Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Обуна шудан
Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон, ки дар ҳолати бехудӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар бистарӣ шуда буд, рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Файзуллоев, ки асосан тиҷоратҳояшро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, бар асари сакта дар беморхона бистарӣ шудаст.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Парда Алимардон бародари Муродалӣ Алимардон боздошт шуд
Ба иттилои наздикон, феълан ҳолаш хуб буда, гап мезанад ва вазъаш рӯ ба беҳбудӣ мебошад.
Нусратулло Файзуллоев аз оилаҳои серфарзанди зодаи ноҳияи Данғара буда, солҳои 80-уми асри гузашта ба Бохтар кӯчид ва тайи даҳсолаҳои охир тиҷоратҳои гуногун аз қабили заминкорӣ, истироҳатгоҳ ва корхонаи нассоҷиро роҳандозӣ кардааст.
Ӯ молики корхонаи "Ресанда"- и шаҳри Бохтар мебошад, ки соли 2013 бо харҷи 6,5 миллион доллар онро навсозӣ карда, бо иқтидори бештар фаъол намуд. Тавре котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, президент Эмомалӣ Раҳмон, дар маъракаи фаъолсозии корхонаи таҷдидшудаи "Ресанда" аз Нусратулло Файзуллоев тавсиф карда, ӯро намунаи ибрат хонда буд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев, дар корхонаи "Ресанда"-и Бохтар
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев, дар корхонаи Ресанда-и Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев, дар корхонаи "Ресанда"-и Бохтар
Соли гузашта номи ин соҳибкори шинохта ба далели даҳҳо миллион сомонӣ қарзи як корхонааш аз андоз расонаӣ шуда буд. Мақомоти андози Хатлон хабар дода буданд, ки корхонаи "Ресанда", аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилоят аз андоз 27,8 миллион сомонӣ қарздор аст.
Худи соҳибкор дар мавриди ин хабарҳо изҳори назаре накарда буд.
Лентаи хабарҳо
0