Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои Маҳмадсаид Зувайдзода

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанМахмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото
Махмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Обуна шудан
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ваколати вакилии Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмудро пеш аз муҳлат қатъ мекунад
ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ҷаласаи вакилони халқии пойтахт 17 март дар назар буда, зимни он қатъи пеш аз муҳлати ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №62 дар назар аст.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Қарори КМИР дар бораи интихоби се вакили нав дар парлумони Тоҷикистон
Қаблан дар ҳавзаи интихоботии № 62 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо беш аз 75 дарсади овозҳо номзад аз Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд пирӯз шуда буд. Зувайдзода, ки дар мақоми муовини аввали раиси шаҳри Душанбе кор мекард, охири соли гузашта аз ин вазифа барканор гардида, ба мақоми раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ таъйин шуда буд.
Интизор меравад дар ҷаласаи рӯзи 17 март вакилони Душанбе қарор дар бораи таъйин намудани интихобот дар ҳавзаи интихоботии №62 - ро қабул кунанд.
Дар барномаи ҷаласа инчунин баррасии иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барномаи давлатӣ дар соҳаи саноатикунонии босуръат барои солҳои 2020-2025,  вазъи истифодаи моликияти коммуналӣ ва иҷрои консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ барои солҳои 2010-2025 дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0