https://sputnik.tj/20210316/Rusho-ovoz-Fadeev-Manizha-jonibdor-1033006988.html
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Валерий Фадеев гуфт, ки интихоби Манижа ба ҳайси намоянда аз Русия таҳаммулпазирии ҷомеаи Русияро нишон медиҳад 16.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-16T09:55+0500
2021-03-16T09:55+0500
2021-04-12T14:33+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
фарҳанг
манижа сангин
ҳомии ҳуқуқ
дастгирӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033005666_0:0:2988:1691_1920x0_80_0_0_39c38d6286b211834e4340b7e7a199e0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди Президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев дар бораи танқиди овозхон Манижа Сангин изҳори назар кард, хабар медиҳад РИА Новости.Дар робита ба ин, Фадеев набуди масъулиятро барои бегонаситезӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як мушкили азим номид, ки он пас аз интихоб шудани Манижа ҳамчун намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 ба амал омад.Вай таъкид кард, ки овозхон дар як озмуни воқеӣ ғолиб омад ва тамошобинон ба ӯ овозҳои худро доданд."Ин таҳаммулпазирии ҷомеаи Русияро нишон медиҳад. Ҳеҷ кас ба ин аҳамият надод (миллаташ - ред.), тоҷикдухтар дар озмун ғолиб шуд. Русҳо ба ӯ овоз доданд - ин чизи аз ҳама муҳим аст",- қайд кард роҳбари шӯро.Ӯ илова кард, вазъияте, ки пас аз рӯйдодҳои ахир ба вуҷуд омада истодааст, бисёр муттаноқиз аст."Дар робита ба изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ - он метавонад нафратовар бошад. Чӣ бояд кард, ки одамон хоксортар рафтор кунанд ва ба изҳороти бегонапарастӣ роҳ надиҳанд, ман намедонам. Ин як мушкили бузург аст",- гуфт Фадеев.Вай инчунин таъкид кард, ки баъзан одамон ба худ иҷозат намедиҳанд, ки дар ВАО чунин сухан гӯянд, зеро ВАО дар доираи одобу ҳуқуқ кор мекунанд."Рӯзноманигорон барои чоп, нишон додан ва гуфтан масъуланд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад касе масъул нест ", - бо таассуф гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон.Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунамЁдовар мешавем, ки Манижа, овозхони рус, ки аслан аз Тоҷикистон аст, бо суруди Russian Woman дар интихоби миллии Евровидение - 2021 ғолиб омад. Ҳамин тавр, интихоби ҳунарманд дар ҷомеа вокунишҳои шадидро ба бор овард.Суруди ӯ на танҳо аз ҷониби баъзе продюсерону ҳунармандон, балки ҳатто аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ барои арзишҳои "зидди Русиягӣ" мавриди интиқод қарор гирифт.Сарфи назар аз мавҷи вокунишҳои манфӣ, ки сарояндаро фаро гирифтааст, Манижаро бисёр ҳунармандони маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигар дастгирӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки Манижа аз хурдӣ дар Русия зиндагӣ мекунад ва пас аз нашри клипҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон шӯҳрати васеъ пайдо кардааст.Моҳи декабри соли 2020 сароянда аввалин сафири СММ оид ба гурезагон аз Русия гардид.Озмуни Евровидение - 2021 дар Роттердам аз 18 то 22 май бо иштироки сарояндагони 41 кишвар баргузор мешавад.Ҳамаро мешиканам: Манижа бори аввал аз ҳиссиёти худ барои Евровидение гуфт - видеоСозмондиҳандагон гуфтанд, ки озмун дар шакли анъанавӣ баргузор хоҳад шуд, аммо тасмим дар бораи ҳузури мардум дар намоиш ҳанӯз гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210315/Manizha-vokunish-shadid-sharh-1033002810.html
https://sputnik.tj/20210315/Manizha-dushanbe-khonavoda-1033003433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033005666_0:0:2988:1879_1920x0_80_0_0_534cf4be52a018fd55e9d250ffdf8f86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳомии ҳуқуқ, дастгирӣ, дар русия
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, фарҳанг, манижа сангин, ҳомии ҳуқуқ, дастгирӣ, дар русия
"Русҳо ба ӯ овоз доданд": ҳомии ҳуқуқ Фадеев аз Манижа ҷонибдорӣ кард
09:55 16.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия Валерий Фадеев гуфт, ки интихоби Манижа ба ҳайси намоянда аз Русия таҳаммулпазирии ҷомеаи Русияро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди Президенти Федератсияи Русия Валерий Фадеев дар бораи танқиди овозхон Манижа Сангин изҳори назар кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар робита ба ин, Фадеев набуди масъулиятро барои бегонаситезӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ як мушкили азим номид, ки он пас аз интихоб шудани Манижа ҳамчун намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 ба амал омад.
Вай таъкид кард, ки овозхон дар як озмуни воқеӣ ғолиб омад ва тамошобинон ба ӯ овозҳои худро доданд.
"Ин таҳаммулпазирии ҷомеаи Русияро нишон медиҳад. Ҳеҷ кас ба ин аҳамият надод (миллаташ - ред.), тоҷикдухтар дар озмун ғолиб шуд. Русҳо ба ӯ овоз доданд - ин чизи аз ҳама муҳим аст",- қайд кард роҳбари шӯро.
Ӯ илова кард, вазъияте, ки пас аз рӯйдодҳои ахир ба вуҷуд омада истодааст, бисёр муттаноқиз аст.
"Дар робита ба изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ - он метавонад нафратовар бошад. Чӣ бояд кард, ки одамон хоксортар рафтор кунанд ва ба изҳороти бегонапарастӣ роҳ надиҳанд, ман намедонам. Ин як мушкили бузург аст",- гуфт Фадеев.
Вай инчунин таъкид кард, ки баъзан одамон ба худ иҷозат намедиҳанд, ки дар ВАО чунин сухан гӯянд, зеро ВАО дар доираи одобу ҳуқуқ кор мекунанд.
"Рӯзноманигорон барои чоп, нишон додан ва гуфтан масъуланд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад касе масъул нест ", - бо таассуф гуфт раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон.
Ёдовар мешавем, ки Манижа, овозхони рус, ки аслан аз Тоҷикистон аст, бо суруди Russian Woman дар интихоби миллии Евровидение - 2021 ғолиб омад. Ҳамин тавр, интихоби ҳунарманд дар ҷомеа вокунишҳои шадидро ба бор овард.
Суруди ӯ на танҳо аз ҷониби баъзе продюсерону ҳунармандон, балки ҳатто аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ барои арзишҳои "зидди Русиягӣ" мавриди интиқод қарор гирифт.
Сарфи назар аз мавҷи вокунишҳои манфӣ, ки сарояндаро фаро гирифтааст, Манижаро бисёр ҳунармандони маъруфи шоу-бизнеси Русия, аз ҷумла Дима Билан, Юлия Савичева, ҳунарпеша Чулпан Хаматова, рӯзноманигор ва сиёсатмадор Оксана Пушкина ва бисёр шахсиятҳои дигар дастгирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Манижа аз хурдӣ дар Русия зиндагӣ мекунад ва пас аз нашри клипҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон шӯҳрати васеъ пайдо кардааст.
Моҳи декабри соли 2020 сароянда аввалин сафири СММ оид ба гурезагон аз Русия гардид.
Озмуни Евровидение - 2021 дар Роттердам аз 18 то 22 май бо иштироки сарояндагони 41 кишвар баргузор мешавад.
Созмондиҳандагон гуфтанд, ки озмун дар шакли анъанавӣ баргузор хоҳад шуд, аммо тасмим дар бораи ҳузури мардум дар намоиш ҳанӯз гирифта нашудааст.