Дар Шри-Ланка пӯшидани фаранҷиро манъ мекунанд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкЖенщина в хиджабе, архивное фото
Женщина в хиджабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Обуна шудан
Санади дахлдорро, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Ҳукуматдорони Шри-Ланка ният доранд, ки пӯшидани фаранҷӣ (либоси болоии занона, ки рӯйро пурра мепӯшонад) манъ карда, беш аз ҳазор мактаби исломиро банданд. 
Девушки в хиджабах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
СММ: манъи ҳиҷоб дар Швейтсария озодии динии занонро маҳдуд мекунад
"Санади дахлдорро, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кардааст", - менависад "Ховар".
Фаранҷӣ мустақиман ба амнияти миллӣ таъсир мерасонад, гуфтааст вазир.
Сарат Вирасекара иқдоми бастани беш аз 1000 мадрасаро бо он вобаста намуд, ки мактабҳои мусулмонӣ сиёсати миллиро дар соҳаи маориф риоя намекунанд.
Пӯшидани фаранҷӣ дар Шри-Ланка моҳи апрели соли 2019 муваққатан манъ шуда буд. Он замон аз дасти исломгароён дар натиҷаи  нӯҳ таркиш дар се калисои католикӣ ва чаҳор меҳмонхона беш аз 250 нафар кушта ва тақрибан 500 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: занони кадом кишварҳо сатр мепӯшанд, дар куҷо мамнӯъ аст?- акс
Мусулмонон тақрибан 9%-и аҳолии 22 миллионнафараи кишварро ташкил медиҳанд. Ақаллияти этникии тамилиҳо, ки ҳиндуизмро парастиш мекунанд, 15% -ро ташкил медиҳад. 70% аҳолии Шри-Ланка будоӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0