https://sputnik.tj/20210315/Shavkat-Niyoz-maskav-darguzasht--1033005552.html
Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеоранд
Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеоранд
Sputnik Тоҷикистон
Тобути адабиётшинос ва адиби шинохта, професор Шавкат Ниёзӣ барои дафн на ба Тоҷикистон, балки дар Русия, дар паҳлӯи ҳамсари ӯ ба хок супорида мешавад 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T18:11+0500
2021-03-15T18:11+0500
2021-03-15T19:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Дар Русия, профессори тоҷик, адиб ва адабиётшиноси машҳур Шавкат Ниёзӣ даргузашт, хабар медиҳад Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.Марҳум бародари нависандаи халқии Тоҷикистон, Фотеҳ Ниёзӣ буда, 92 сол дошт.Гуфта мешавад, адиби тоҷик рӯзи гузашта дар манзили худ дар шаҳри Маскав бар асари бемории дил ҷон дод.Фарзандони адабиётшиноси маъруфи тоҷик Шавкат Ниёзӣ ба қароре омадаанд, ки марҳумро дар шаҳри Москва, дар паҳлӯи ҳамсараш ба хок супоранд.Ин дар ҳолест, ки сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторӣ, зимни расонидани арзи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Шавкат Ниёзӣ масъалаи интиқоли ҷасади ӯро ба миён гузошт.Имомуддин Сатторӣ хабар дод, ки Шавкат Ниёзӣ дар хонааш, дар маҳаллаи Переделкинои Москав бар асари бемории дил даргузаштааст. Сатторӣ мегӯяд, ки рӯзи 15-уми март дар тамос бо наздиконаш “тасалияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаашон расонидем”.Шавкат Ниёзӣ кист?Шавкат Ниёзӣ соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Муддате устоди ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1957 дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будааст. Дар Маскав кору зиндагӣ мекард.Марҳум бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони "Дружба" (1997, Русия) сарфароз гардонида буд. Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20210301/adib-navisanda-darguzasht-1032909812.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ
Профессор Шавкат Ниёзӣ дар Маскав даргузашт: тобути ӯро ба Тоҷикистон намеоранд
18:11 15.03.2021 (Навсозишуда: 19:57 15.03.2021) Тобути адабиётшинос ва адиби шинохта, професор Шавкат Ниёзӣ барои дафн на ба Тоҷикистон, балки дар Русия, дар паҳлӯи ҳамсари ӯ ба хок супорида мешавад
ДУШАНБЕ, 15 март - Sputnik. Дар Русия, профессори тоҷик, адиб ва адабиётшиноси машҳур Шавкат Ниёзӣ даргузашт, хабар медиҳад Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Марҳум бародари нависандаи халқии Тоҷикистон, Фотеҳ Ниёзӣ буда, 92 сол дошт.
Гуфта мешавад, адиби тоҷик рӯзи гузашта дар манзили худ дар шаҳри Маскав бар асари бемории дил ҷон дод.
Фарзандони адабиётшиноси маъруфи тоҷик Шавкат Ниёзӣ ба қароре омадаанд, ки марҳумро дар шаҳри Москва, дар паҳлӯи ҳамсараш ба хок супоранд.
Ин дар ҳолест, ки сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторӣ, зимни расонидани арзи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Шавкат Ниёзӣ масъалаи интиқоли ҷасади ӯро ба миён гузошт.
Имомуддин Сатторӣ хабар дод, ки Шавкат Ниёзӣ дар хонааш, дар маҳаллаи Переделкинои Москав бар асари бемории дил даргузаштааст. Сатторӣ мегӯяд, ки рӯзи 15-уми март дар тамос бо наздиконаш “тасалияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаашон расонидем”.
Шавкат Ниёзӣ соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Муддате устоди ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1957 дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будааст. Дар Маскав кору зиндагӣ мекард.
Марҳум бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони "Дружба" (1997, Русия) сарфароз гардонида буд. Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.