https://sputnik.tj/20210315/Roman-Sklyar-muovini-sarvaziri-azoiston-Dushanbe-meoyad-1033002970.html
Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд
Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби сарвазири Қазоқистон, Роман Скляр барои баррасии муносиботи дуҷониба ба Тоҷикистон меояд 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T14:38+0500
2021-03-15T14:38+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
қазоқистон
ҳамкорӣ
иқтисод
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033002914_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_dd163cb61bd65e088a204960070552dd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 17 март дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат матраҳ мегарданд.Ба иттилои манбаъ, дар назар аст ҳайати Қазоқистон барои ширкат дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири он кишвар Роман Скляр ба Душанбе оянд.Инчунин интизор меравад, ки пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки 14 март байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баъд аз як соли таваққуф дар иртибот ба бемории COVID-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе - Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон "Air Astana" ба роҳ монда шуданд.Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шудҲамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад.
https://sputnik.tj/20210313/ravodid-markaz-mahsulot-muloqoti-Ibodzoda-qazoiston-1032995860.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033002914_56:0:777:541_1920x0_80_0_0_7676a50020f09dc360059cb687cce7de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , қазоқистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , қазоқистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тандурустӣ
Роман Скляр, муовини сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд
14:38 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ноиби сарвазири Қазоқистон, Роман Скляр барои баррасии муносиботи дуҷониба ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 17 март дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат матраҳ мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст ҳайати Қазоқистон барои ширкат дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири он кишвар Роман Скляр ба Душанбе оянд.
Инчунин интизор меравад, ки пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.
Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки 14 март байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баъд аз як соли таваққуф дар иртибот ба бемории COVID-19 ва эълон гардидани пандемия парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе - Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон "Air Astana" ба роҳ монда шуданд.
Ҳамзамон 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад.