https://sputnik.tj/20210315/Dastur-Rustami-Emomali-pahlavonon-chovandozon-1033001503.html
Дастури Рустами Эмомалӣ барои даъвати беҳтарин паҳлавонону човандозон ба пойтахт
Дастури Рустами Эмомалӣ барои даъвати беҳтарин паҳлавонону човандозон ба пойтахт
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пойга ва куштии наврӯзӣ беш аз 185 ҳазор сомонӣ ва ё наздики 18 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T12:00+0500
2021-03-15T12:00+0500
2021-03-15T16:49+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/05/1025370575_0:151:3000:1848_1920x0_80_0_0_6b6d561cd51882427058c5d117089c8e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гуштии миллӣ (гӯштингири) ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ дар назар аст.Фармони дахлдорро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт.Мусобиқаи гуштии миллӣ “гӯштингири” рӯзҳои 20-21 март ва мусобиқаи кушоди пойгаи аспӣ барои Ҷоми Пойтахт 24 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" -и Душанбе баргузор мешаванд.Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шуд, ки барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз фонди рушди шаҳр 185 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.Муовини шаҳрдор Мавсуна Муинӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Вазорати кишоварзии, Федератсияи миллии "Гӯштингирӣ", Федератсияи "Пойга ва бузкашӣ" муваззаф шудаанд, ки барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20210310/Navruz-2021-Dushanbe-sumanak-dastarkhon-1032974975.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102537/05/1025370575_0:57:3000:1942_1920x0_80_0_0_2c313ac822557bb303b4c8ce9a417278.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Дастури Рустами Эмомалӣ барои даъвати беҳтарин паҳлавонону човандозон ба пойтахт
12:00 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:49 15.03.2021) Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пойга ва куштии наврӯзӣ беш аз 185 ҳазор сомонӣ ва ё наздики 18 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 15 мар— Sputnik. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гуштии миллӣ (гӯштингири) ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ дар назар аст.
Фармони дахлдорро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Мусобиқаи гуштии миллӣ “гӯштингири” рӯзҳои 20-21 март ва мусобиқаи кушоди пойгаи аспӣ барои Ҷоми Пойтахт 24 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" -и Душанбе баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шуд, ки барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз фонди рушди шаҳр 185 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Муовини шаҳрдор Мавсуна Муинӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Вазорати кишоварзии, Федератсияи миллии "Гӯштингирӣ", Федератсияи "Пойга ва бузкашӣ" муваззаф шудаанд, ки барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.