https://sputnik.tj/20210314/Sukut-havopaymo-kazokiston-aks-1032999326.html
Нахустин аксҳо аз макони суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алмаато
Нахустин аксҳо аз макони суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алмаато
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои низомӣ дар Қазоқистон дасти кам 4 низомӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин ҳодиса танҳо ду нафар ҷон ба саломат бурданд 14.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-14T16:00+0500
2021-03-14T16:00+0500
2021-03-14T15:57+0500
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998978_0:92:3461:2048_1920x0_80_0_0_f19a5bd48e2e5957e418efe10230bed1.jpg
Дар Қазоқистон таҳқиқи суқути ҳавопаймои низомӣ идома дорад ва се сабаби аслии суқут ин ҳодиса муайян шудааст.Номусоидии обу ҳаво, иллати техникӣ ва омили инсонӣ метавонист боиси суқути ҳавопаймои низомӣ дар фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ шавад, гузориш медиҳад шабакаи телевизионии "Алмаато".Мутахассисони Кумитаи амнияти миллӣ сабабҳои дақиқи фоҷиаро таҳқиқ мекунанд. Тафтишот таҳти назорати президенти Қазоқистон гузаронида мешавад.Ҳавопаймои низомии Ан-26, ки ба Хадамоти авиатсионии КНБ тааллуқ дошт, рӯзи 13 март суқут кард. Ҳавопаймо дар масири Нур-Султон - Алмаато равон буд.Ҳавопаймо оташ гирифт ва ба самти фурудоянда дар наздикии фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ дар наздикии деҳаи Кизилту ба замин афтод.Дар дохили ҳавопаймо шаш нафар қарор доштанд. Чор нафари онҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Марҳум: лейтенанти калон Баймуратов Досжан - 43 сола, сержант Евгений Василков - 34 сола, лейтенант Сагинбоев Мухтор - 26 сола, майор Барлыкбоев Габит - 34 сола.Танҳо ду нафар наҷот ёфтанд. Низомиён фавран аз ҷои ҳодиса ба беморхонаи клиникии шаҳрии No4 интиқол ёфта ва бистарӣ карда шуданд.
https://sputnik.tj/20210313/Suqut-havopaymo-nizomii-AN-26-Almaato-1032997837.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998978_202:0:3461:2048_1920x0_80_0_0_f307d40bed944eebe255faf5fbb35250.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс
Нахустин аксҳо аз макони суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алмаато
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои низомӣ дар Қазоқистон дасти кам 4 низомӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин ҳодиса танҳо ду нафар ҷон ба саломат бурданд
Дар Қазоқистон таҳқиқи суқути ҳавопаймои низомӣ идома дорад ва се сабаби аслии суқут ин ҳодиса муайян шудааст.
Номусоидии обу ҳаво, иллати техникӣ ва омили инсонӣ метавонист боиси суқути ҳавопаймои низомӣ дар фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ шавад, гузориш медиҳад шабакаи телевизионии "Алмаато".
Мутахассисони Кумитаи амнияти миллӣ сабабҳои дақиқи фоҷиаро таҳқиқ мекунанд. Тафтишот таҳти назорати президенти Қазоқистон гузаронида мешавад.
Ҳавопаймои низомии Ан-26, ки ба Хадамоти авиатсионии КНБ тааллуқ дошт, рӯзи 13 март суқут кард. Ҳавопаймо дар масири Нур-Султон - Алмаато равон буд.
Ҳавопаймо оташ гирифт ва ба самти фурудоянда дар наздикии фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ дар наздикии деҳаи Кизилту ба замин афтод.
Дар дохили ҳавопаймо шаш нафар қарор доштанд. Чор нафари онҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Марҳум: лейтенанти калон Баймуратов Досжан - 43 сола, сержант Евгений Василков - 34 сола, лейтенант Сагинбоев Мухтор - 26 сола, майор Барлыкбоев Габит - 34 сола.
Танҳо ду нафар наҷот ёфтанд. Низомиён фавран аз ҷои ҳодиса ба беморхонаи клиникии шаҳрии No4 интиқол ёфта ва бистарӣ карда шуданд.

Ҳавопаймо аз шаҳри Нурсултон ба Алмаато парвоз карда, ҳангоми фуруд суқут кардааст

Дар саҳни ҳавопаймо 6 нафар будаанд, ки 4 нафарашон ба ҳалокат расидаанд

Ҳоло таҳқиқи суқути ҳавопаймои низомӣ идома дорад ва се сабаби аслии суқут ин ҳодиса муайян шудааст

Номусоидии обу ҳаво, иллати техникӣ ва омили инсонӣ аз сабабҳои умдаи ба садама дучор шудани ҳавопаймо арзёбӣ мешаванд

Тафтишоти суқути ҳавопайморо кишвардори Қазоқистон таҳти назорати худ қарор додааст

Ҳавопаймо нахуст оташ гирифт ва ба самти фурудоянда дар наздикии фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ дар наздикии деҳаи Кизилту ба замин афтод
Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд

Низомиён фавран аз ҷои ҳодиса ба беморхонаи клиникии шаҳрии No4 интиқол ёфта ва бистарӣ карда шуданд