Се голи футболбози тоҷик дастаи Молдоваро ба пирӯзӣ расонд- видео

Обуна шудан
Дар қаҳрамонии Молдова оид ба футбол танҳо се гол зада шуд ва он ҳам аз ҷониби футболбози тоҷик сурат гирифт
Дар даври 25-уми қаҳрамонии Молдова клуби "Динамо-Авто" дар майдони худ бар "Зимбру" бо ҳисоби 3: 0 ғалабаи калон ба даст овард.
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Супориши Аҳмадзода ба раҳбарияти шаҳри Истаравшан барои дастгирии футболбозон
Футболбози тоҷик Шаҳром Самиев, ки дар бошгоҳи "Динамо-Авто" -и Молдова бозӣ мекунад, пирӯзии бечунучарои дастаашро таъмин кард.
Варзишгари ҷавон ҳар се голро дар бозӣ ба дарвозаи ҳариф зад. Вай дар дақиқаҳои 3, 57 ва 72-юми вохӯрӣ голҳоро ба нишон расонид.
Қаблан, бозигари умедбахш Самиев дар клуби "Рубин" -и Русия санҷиш гузаронида буд.
Санаи баргузории Қаҳрамонии Тоҷикистон - 2021 маълум шуд
Қобили зикр аст, ки ҳамлагар ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бар зидди мунтахаби Муғулистон шомил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0