Боғбонҳо аз борон зери дарахт панаҳ бурданд, вале раъду барқ онҳоро зад - навор

Обуна шудан
Ҷабридидагони ин офати табиӣ боғбонҳо аз Ҳиндустон мебошанд, ки хостанд аз боришоти шадиди борон зери дарахт паноҳ баранд
Дар Ҳиндустон як нафар боғбон аз таъсири раъду барқ ҷон аз даст дод. Ҳамзамон чанд ҳамкори дигари ӯ дар ҳолати вазнин бистарии беморхона гардиданд.
Ба навиштаи Times of India, офати табиӣ дар яке аз минтақаҳои Ҳиндустон рух дод. Боғбонҳо барои паноҳ бурдан аз борони шадид зери дарахте истоданд, ки баногоҳ раъду барқ маҳз дарахтеро зад, ки зери он боғбонон қарор доштанд.
Дар натиҷа як нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон дод ва боқимонда дар ҳолати ниҳоят вазнини ба беморхона интиқол ёфтанд. Ин ҳодисаи шигифтангезро камераҳои назоратӣ сабт намуданд.
Лентаи хабарҳо
0