https://sputnik.tj/20210313/ozod-khizmati-harbi-1032996871.html
9500 сомонӣ пора – барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
9500 сомонӣ пора – барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои озод кардани наздиконашон аз хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ба мақомдорон пул медиҳанд. Ахиран дар кишвар расман ба ивази пул... 13.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-13T15:22+0500
2021-03-13T15:22+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
хизмати ҳарбӣ
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_222:0:1815:896_1920x0_80_0_0_f80a7fa456621701bf8c5b492fc93a79.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рамазон Саидзода, мақомдори низомӣ хабар додааст.Ба иттилои Ожонс, Саидзода барои озод кардани як ҷавон аз хизмат 9,5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.“Саидзода Рамазон дар вазифаи ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода барои қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.Назари бевоситаи Саидзода ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.Додани пул барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон хизмати пулакӣ қонунӣ шуд. Шаҳрвандон метавонанд бо пардохти маблағ дар як моҳ дар ҳайати эҳтиётӣ хизмат кунанд.Ҳаҷми маблағ барои хизмати якмоҳа дар ҳайати эҳтиётӣ то ҳол эълон нашудааст, аммо миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн гардиданд, ки эҳтимол ин нишондод 25 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.Ҳаҷми пул барои хизмат дар ҳайати эҳтиётиро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад ва интизор меравад, ки то охири моҳи равон ҳаҷми он расман эълон карда шавад.
https://sputnik.tj/20210310/Prezident-farmon-davat-askari-1032978322.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103067/57/1030675731_421:0:1616:896_1920x0_80_0_0_aff4c2ae0a3ffc8d7d0df88fb41e3dc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хизмати ҳарбӣ, маблағ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, хизмати ҳарбӣ, маблағ
9500 сомонӣ пора – барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ
15:22 13.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои озод кардани наздиконашон аз хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ба мақомдорон пул медиҳанд. Ахиран дар кишвар расман ба ивази пул хизмати ҳарбӣ дар ҳайати эҳтиётӣ тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Рамазон Саидзода, мақомдори низомӣ хабар додааст.
Ба иттилои Ожонс, Саидзода барои озод кардани як ҷавон аз хизмат 9,5 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
“Саидзода Рамазон дар вазифаи ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.
Манбаъ таъкид кард, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода барои қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Назари бевоситаи Саидзода ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Додани пул барои раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон хизмати пулакӣ қонунӣ шуд. Шаҳрвандон метавонанд бо пардохти маблағ дар як моҳ дар ҳайати эҳтиётӣ хизмат кунанд.
Ҳаҷми маблағ барои хизмати якмоҳа дар ҳайати эҳтиётӣ то ҳол эълон нашудааст, аммо миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн гардиданд, ки эҳтимол ин нишондод 25 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Ҳаҷми пул барои хизмат дар ҳайати эҳтиётиро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад ва интизор меравад, ки то охири моҳи равон ҳаҷми он расман эълон карда шавад.