https://sputnik.tj/20210313/hafta-oyanda-Dushanbe-khatsayr-iftitoh-1032997625.html
Ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо ифтитоҳ мешавад
Ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо ифтитоҳ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз оғози ҳафтаи оянда дар пойтахт хатсайри нави ҳаракати автобусҳо роҳандозӣ хоҳад шуд 13.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-13T18:08+0500
2021-03-13T18:08+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
нақлиёт
нақлиёт
ифтитоҳ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032433697_0:220:3068:1954_1920x0_80_0_0_3d9d4804bef1d11640dd856155a1e730.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 15 марти соли 2021 хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.Ба иттилои манбаъ, автобусҳо таҳти рақами 55 ба хатсайр баромада аз Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ то боғи “Роҳи Оҳанчиён” ҳаракат хоҳанд кард."Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Неъмат Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд", - тавзеҳ додааст шаҳрдории Душанбе.Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” истифода баранд.Ҳукумати шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
https://sputnik.tj/20210218/Rohandozi-pardokht-rohkiro-smartfon-Dushanbe-1032852579.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032433697_0:120:3068:2048_1920x0_80_0_0_7b67d7c34c61ec6efd646e83f8504f42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт, нақлиёт, ифтитоҳ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, нақлиёт, нақлиёт, ифтитоҳ, дар тоҷикистон
Ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобусҳо ифтитоҳ мешавад
18:08 13.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз оғози ҳафтаи оянда дар пойтахт хатсайри нави ҳаракати автобусҳо роҳандозӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 15 марти соли 2021 хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, автобусҳо таҳти рақами 55 ба хатсайр баромада аз Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ то боғи “Роҳи Оҳанчиён” ҳаракат хоҳанд кард.
"Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Неъмат Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд", - тавзеҳ додааст шаҳрдории Душанбе.
Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” истифода баранд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.