https://sputnik.tj/20210313/Rustami-Emomali-hamoish-navruz-judo-1032997568.html
Рустами Эмомалӣ барои ҳамоиши наврӯзӣ қариб ним миллион сомонӣ ҷудо кард
Рустами Эмомалӣ барои ҳамоиши наврӯзӣ қариб ним миллион сомонӣ ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт ҳамоиши байналмилалии наврӯзӣ баргузор карда шавад 13.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-13T17:37+0500
2021-03-13T17:37+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985169_0:156:2987:1836_1920x0_80_0_0_5005196516c499bfc484c71825dbd53c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Бар асоси қарор, Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” рӯзи 22 март баргузор мешавад.Таъкид шудааст, ки ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор мегардад.“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 427 ҳазору 640 сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.Рустами Эмомалӣ расонаҳои давлатии пойтахтро муваззаф кардааст, ки рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.Шаҳрдори Душанбе ҳадафи ин иқдомро ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар арзёбӣ кардааст.Ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ аз ҳадафҳои дигари ин қарор гуфта шудаанд.
https://sputnik.tj/20210310/Navruz-2021-Dushanbe-sumanak-dastarkhon-1032974975.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985169_165:0:2820:1991_1920x0_80_0_0_c9aa20ee3d23eb16261c0e1fe5fe9610.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, рустами эмомалӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, рустами эмомалӣ, дар тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ барои ҳамоиши наврӯзӣ қариб ним миллион сомонӣ ҷудо кард
17:37 13.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки дар пойтахт ҳамоиши байналмилалии наврӯзӣ баргузор карда шавад
ДУШАНБЕ, 13 мар— Sputnik. Бар асоси қарор, Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” рӯзи 22 март баргузор мешавад.
Таъкид шудааст, ки ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021” баргузор мегардад.
“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда 427 ҳазору 640 сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд”, - омадааст дар қарор.
Рустами Эмомалӣ расонаҳои давлатии пойтахтро муваззаф кардааст, ки рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
Шаҳрдори Душанбе ҳадафи ин иқдомро ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар арзёбӣ кардааст.
Ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ аз ҳадафҳои дигари ин қарор гуфта шудаанд.