Олими тоҷик: сармои рӯзҳои наздик ба гулҳои дарахтони мева таъсири зиёд намерасонад

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветы в снегу, архивное фото
Цветы в снегу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 13-14 март дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бориши пуршиддат пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ 14 март борон ба барф мубаддал мегардад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бо сабаби якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ эҳтимоли зиён дидан ва қисман нобудшавии зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда пешгӯӣ шуда, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона мушкилӣ пеш меорад.
Замерзшие яблоки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад
Дар ҳамин ҳол, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” таъкид доштааст, ки паст шудани ҳарорати ҳаво 13 ва 14 март ба зироати кишоварзӣ, гулҳои ороишӣ, муғҷа  ва гулҳои дарахтони мевадиҳанда таъсири зиёд намерасонад.
“Ин сармо як шабонарӯзро дар бар мегирад. Кишоварзон ва махсусан боғпарварон дар ин як шабонарӯз бояд аз тавсияи олимони кишоварзӣ, яъне дудмонӣ истифода намоянд. Инчунин барои эмин нигоҳ доштани  зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, бояд ба болои онҳо пору ва коҳ пошанд”, гуфт олими тоҷик.
Вай ҳамчунин афзудааст, ки сармои ҳафтаи охири моҳи феврал ба баъзе боғҳои ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон каме ҳам бошад, зиён расонид.
“Як нуктаро бояд гӯям, ки дарахтони мевадиҳанда вақте гул мекунанд, дар навдаи онҳо муғҷаи захиравӣ низ мавҷуд аст. Баъд аз сипарӣ гардидани сармо он бо таъсири ҳавои муътадил инкишоф меёбад. Дудмонӣ хосияти бартараф кардани ҳарорати паст ва аз сармо нигоҳ доштани дарахтонро дорад”, - шарҳ дод Саидалӣ Гулов
Инчунин донишманди тоҷик зикр кард, ки дар сурати барфи зиёд боридан боғпарвар бояд навдаҳои дарахтонро аз барф тоза  намояд, то аз шикастан эмин гарданд.
Ёдрас мешавем, ки баъди сардиҳои охири моҳи феврал дар вилояти Суғд гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ фавран ба роҳ монда шуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои  фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон барои пешгирии таъсири сардӣ дар боғот ва эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0