https://sputnik.tj/20210312/zaminlarza-Venesuela-20-hazor-halok-1032970447.html
Дар паи заминларза дар Венесуэла беш аз 20 ҳазор нафар ҳалок шуд: имрӯзи таърих
Дар паи заминларза дар Венесуэла беш аз 20 ҳазор нафар ҳалок шуд: имрӯзи таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи дувоздаҳуми март Рӯзи байналмилалии киберсензура таҷлил мегардад. Ҳамзамон дар Замбия Рӯзи ҷавонон ва дар Канада Рӯзи иттиҳод қайд гирифта мешавад 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T06:00+0500
2021-03-12T06:00+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
ҷашн
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913790_0:231:3072:1969_1920x0_80_0_0_5dc39ed9ad1f213f06eac52edbd0fd15.png
Рӯзи 12 март дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.Соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.Соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.Рӯзи 12 март дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.Соли 2012 дар шаҳри Маскав дар мавзӯи "Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ" ҷамъомад баргузор гардид.Соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи "Регар – ТадАЗ" -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн "Ал – Риффоъ" сабқат анҷом дод.Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония "Рӯзҳои Япония" баргузор гардид.Соли 2017 давраи дуюми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Хуҷанд" – "Вахш", "Панҷшер" – "Ҳосилот", "Барқчӣ" – "Регар-ТадАЗ" баргузор гардид.Ҷашнҳои рӯзи 12 мартРӯзи 12 март кӣ ба дунё омадаастСоли 1910 - оҳангсоз, ходими намоёни санъат Шариф Бобокалонов.Соли 1938 - олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.Соли 1948 - олим Зоирбой ВосидовСоли 1959 - ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон Шариф РаҳимзодаСоли 1959 - нависанда, режиссёр Гулбаҳор МирзоеваСоли 1960 - нависанда, доктори илмҳои филология Салими Хатлонӣ.
https://sputnik.tj/20210308/Zodrzi-Rasulzoda-Ramondsti-Modaron-1032959833.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032913790_0:118:3072:2048_1920x0_80_0_0_9790be467eef679856d4b7f6d17ecd37.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҷашн, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҷашн, дар тоҷикистон
Дар паи заминларза дар Венесуэла беш аз 20 ҳазор нафар ҳалок шуд: имрӯзи таърих
06:00 12.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Рӯзи дувоздаҳуми март Рӯзи байналмилалии киберсензура таҷлил мегардад. Ҳамзамон дар Замбия Рӯзи ҷавонон ва дар Канада Рӯзи иттиҳод қайд гирифта мешавад
Рӯзи 12 март дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.
Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.
Соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.
Рӯзи 12 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандагони тоҷик низ иштирок намуданд.
Соли 2012 дар шаҳри Маскав дар мавзӯи "Диаспораҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ" ҷамъомад баргузор гардид.
Соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи "Регар – ТадАЗ" -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо чемпиони даҳкаратаи Баҳрайн "Ал – Риффоъ" сабқат анҷом дод.
Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.
Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония "Рӯзҳои Япония" баргузор гардид.
Соли 2017 давраи дуюми Қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои "Хуҷанд" – "Вахш", "Панҷшер" – "Ҳосилот", "Барқчӣ" – "Регар-ТадАЗ" баргузор гардид.
- Рӯзи байналмилалии киберсензура.
- Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.
- Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.
Рӯзи 12 март кӣ ба дунё омадааст
Соли 1910 - оҳангсоз, ходими намоёни санъат Шариф Бобокалонов.
Соли 1938 - олими таърихшинос Юсуф Раҳимов.
Соли 1948 - олим Зоирбой Восидов
Соли 1959 - ходими намоёни давлатӣ, иқтисоддон Шариф Раҳимзода
Соли 1959 - нависанда, режиссёр Гулбаҳор Мирзоева
Соли 1960 - нависанда, доктори илмҳои филология Салими Хатлонӣ.