https://sputnik.tj/20210312/sjb-AstraZeneca-1032994288.html
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳоло дурустии тромбоз шудани нафароне, ки бо ваксини AstraZeneca эм шудаанд, дақиқ мекунад 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T18:41+0500
2021-03-12T18:41+0500
2021-03-12T19:43+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032713133_0:67:3072:1795_1920x0_80_0_0_82e0cc03e1d466d94408170576279ec7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Ин ташкилот тавсия медиҳад, ки эмгузаронӣ тавассути ваксини AstraZeneca бояд идома ёбад. Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои ИА бинобар тромбоз шудани эмгирифтаҳо аз истифодаи он даст кашиданд.Аммо Маргарет Харрис котиби СҶБ мегӯяд ҳоло таҳқиқот дар мавриди тромбоз шудани одамон пас аз гирифтани ваксини мазкур идома дорад.Харрис хотиррасон кард, ки Дания, Исландия ва Норвегия истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро барои эҳтиёт қатъ карданд. Ғайр аз он, сухан дар бораи бастаҳои алоҳидаи дору меравад.Гуфта мешавад, феълан мутахассисон ҳамаҷониба сабаби тромбоз шудани одамонро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва маълум нест, ки омили он маҳз ваксинаи AstraZeneca аст ё хайр.Аврупо аз AstraZeneca рӯ мегардонад: дар Тоҷикистон бо ин ваксин эмкунӣ шурӯъ мешавадСухангӯи СҶБ мегӯяд, рӯзи 9 март ҳудуди 268 милион вояи ин ваксин тақсим шуд ва то ҳол ягон давлат аз мавориди фавт бар асари эмгузаронӣ эълон накардааст.Аммо бояд таъкид намуд, ки кишварҳое чун, Австрия, Эстония, Литва, Люксембург, Латвия, Дания, Норвегия, Исландия аз ин ваксин рӯ гардонданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032713133_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_1d38e362a311d5bf6b32628ef533da5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, тандурустӣ
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мавқеъяшро дар бораи AstraZeneca гуфт
18:41 12.03.2021 (Навсозишуда: 19:43 12.03.2021) Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳоло дурустии тромбоз шудани нафароне, ки бо ваксини AstraZeneca эм шудаанд, дақиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Ин ташкилот тавсия медиҳад, ки эмгузаронӣ тавассути ваксини AstraZeneca бояд идома ёбад. Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои ИА бинобар тромбоз шудани эмгирифтаҳо аз истифодаи он даст кашиданд.
Аммо Маргарет Харрис котиби СҶБ мегӯяд ҳоло таҳқиқот дар мавриди тромбоз шудани одамон пас аз гирифтани ваксини мазкур идома дорад.
"Мавқеи Комиссияи агентии тиббии Аврупо оид ба назорат ва баҳодиҳии хавфҳо аз он иборат аст, ки фоиданокии ин ваксин нисбат ба хавфи он зиёдтар аст", - изҳор доштааст Харрис.
Харрис хотиррасон кард, ки Дания, Исландия ва Норвегия истифодаи ваксинаи AstraZeneca-ро барои эҳтиёт қатъ карданд. Ғайр аз он, сухан дар бораи бастаҳои алоҳидаи дору меравад.
Гуфта мешавад, феълан мутахассисон ҳамаҷониба сабаби тромбоз шудани одамонро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва маълум нест, ки омили он маҳз ваксинаи AstraZeneca аст ё хайр.
Сухангӯи СҶБ мегӯяд, рӯзи 9 март ҳудуди 268 милион вояи ин ваксин тақсим шуд ва то ҳол ягон давлат аз мавориди фавт бар асари эмгузаронӣ эълон накардааст.
Аммо бояд таъкид намуд, ки кишварҳое чун, Австрия, Эстония, Литва, Люксембург, Латвия, Дания, Норвегия, Исландия аз ин ваксин рӯ гардонданд.