Ифтитоҳи хатсайри нави автобус дар Душанбе: то бозори "Корвон" мебарад

© Sputnik / Амир ИсаевВ салоне нового троллейбуса в Душанбе
В салоне нового троллейбуса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Оғоз аз 15 март дар роҳҳои Душанбе хатсайри нав ифтитоҳ мешавад. Автобусҳо мусофиронро аз аэропотри куҳна то дарвозаҳои ҷанубӣ мебарад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Аз аввали ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобус ба роҳ мебарояд, хабар медиҳад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
В салоне троллейбуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2020
Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад
Автобуси №55 мусофиронро аз маркази шаҳр бо кунҷи он, ҷое, ки бозори "Корвон" воқеъ шудааст, мебарад.
Хатсайри нави автобусҳо аз рӯзи 15 март ба роҳ мебароянд.
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд, автобусҳои нав Боғи "Роҳи оҳанчиён" - ро бо Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ-мепайвандад.
Ҳамин тавр, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.
Гуфта мешавад, ки тариқи хатсайри нав хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи "АКИА ОРИЁ-LE 8" истифода мешаванд.
Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад
Манбаъ афзуда, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0