https://sputnik.tj/20210312/kallob-dushanbe-bozdosht-1032990700.html
Ҷавоҳироту 20 ҳазор доллари занро гирифту хона нахарид: пулис қаллобро боздошт кард
Ҷавоҳироту 20 ҳазор доллари занро гирифту хона нахарид: пулис қаллобро боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба доми сокини 35 - солаи пойтахт якбора ду нафар афтоданд. Ба яке бар ивази хона харидан 20 ҳазор доллар ва ҷавоҳироти тиллоро аз худ карду аз нафари дигар 95... 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T12:50+0500
2021-03-12T12:50+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
қаллоб
боздошт
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032453215_0:200:3073:1928_1920x0_80_0_0_5e8853374679ed2615c3e1f74e5f5824.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Марди 35 - сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба дасти кормандони пулис афтодааст.Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохила, номбурда дар ду ҳолат ба қаллобӣ даст зада, ба ду сокини шаҳри Душанбе зарари калон расондааст.Аз ҷумла, ӯ рӯзи 23 июни соли 2018 ба як зани 45 - сола ваъда додааст, ки аз бинои навсотмони кӯчаи Меҳнат хонаи 1 - ҳуҷрагӣ харида медиҳад. Бар ивази харид кардани хона, 20 ҳазор доллар ва ҳамчунин миқдори муайяни ҷавоҳироти ин занро гирифта ғайб задааст.Зимнан, зани 45 - сола ба ШВУД дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ аз болои нафари фандкардаи ӯ шикоят бурд, ки дар натиҷа ӯ боздошт шуд.Кормандони пулис муайян намуданд, ки сокини 35 - сола, ҳамчунин дар фиреби як ҳамшаҳрии дигари худ муттаҳам дониста мешавад.Ӯ аз сокини 30 - солаи пойтахт, моҳи сентябри соли гузашта автомашинаи "Тайота - Кемри" гирифт. Соҳиби мошин, ҳарчанд худравашро 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буд, аммо аз ин маблағ танҳо 15 ҳазор сомонӣ гирифту халос.Боздошти ду нафар бо гумони қаллобӣ: давоми панҷ моҳ ду нафарро фиреб додандВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон панрвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210309/Latviya-ravodid-bozdosht-sokin-poytakht-qallob-1032967918.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032453215_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_c4fdec2977e3f346f4374e0f773c49ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, қаллоб, боздошт, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, қаллоб, боздошт, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҷавоҳироту 20 ҳазор доллари занро гирифту хона нахарид: пулис қаллобро боздошт кард
12:50 12.03.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Ба доми сокини 35 - солаи пойтахт якбора ду нафар афтоданд. Ба яке бар ивази хона харидан 20 ҳазор доллар ва ҷавоҳироти тиллоро аз худ карду аз нафари дигар 95 ҳазор сомонӣ гирифту ғайб зад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Марди 35 - сола, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба дасти кормандони пулис афтодааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохила, номбурда дар ду ҳолат ба қаллобӣ даст зада, ба ду сокини шаҳри Душанбе зарари калон расондааст.
Аз ҷумла, ӯ рӯзи 23 июни соли 2018 ба як зани 45 - сола ваъда додааст, ки аз бинои навсотмони кӯчаи Меҳнат хонаи 1 - ҳуҷрагӣ харида медиҳад. Бар ивази харид кардани хона, 20 ҳазор доллар ва ҳамчунин миқдори муайяни ҷавоҳироти ин занро гирифта ғайб задааст.
Зимнан, зани 45 - сола ба ШВУД дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ аз болои нафари фандкардаи ӯ шикоят бурд, ки дар натиҷа ӯ боздошт шуд.
Кормандони пулис муайян намуданд, ки сокини 35 - сола, ҳамчунин дар фиреби як ҳамшаҳрии дигари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ӯ аз сокини 30 - солаи пойтахт, моҳи сентябри соли гузашта автомашинаи "Тайота - Кемри" гирифт. Соҳиби мошин, ҳарчанд худравашро 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буд, аммо аз ин маблағ танҳо 15 ҳазор сомонӣ гирифту халос.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон панрвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.