https://sputnik.tj/20210312/Tojikistonu-jopon-hamkoriro-gustarish-mediand-1032988749.html
Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд: мулоқоти Нозирӣ бо Шуичӣ
Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд: мулоқоти Нозирӣ бо Шуичӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ... 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T09:00+0500
2021-03-12T09:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
ҷопон
ҳамкорӣ
густариш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032988716_0:0:1200:678_1920x0_80_0_0_e066427ff692db21fdc12914eb2d2a9e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд."Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд", - омадааст дар хабарнома.Ҷонибҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд.Сиёсатмадорон бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кардДар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.
https://sputnik.tj/20201030/Abdusamatzoda-bo-namoyandai-JICA-solimi-modaru-kdakro-barrasi-kard-1032186914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032988716_0:0:1200:754_1920x0_80_0_0_c76c14ec2604c040416e62e693cbb8f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , ҷопон, ҳамкорӣ, густариш
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сиёсат , ҷопон, ҳамкорӣ, густариш
Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд: мулоқоти Нозирӣ бо Шуичӣ
09:00 12.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.
"Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд.
Сиёсатмадорон бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.
Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.