СММ ҳушдор медиҳад, ки ба ҷаҳон қаҳтӣ таҳдид мекунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАкция по выдаче питания лицам без определенного места жительства. Архивное фото
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки шумораи гуруснагон дар ҷаҳон метавонад афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дабири кулли СММ, Антонио Гутерриш аз таҳдиди гуруснагӣ ба ҷаҳон ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои котиботи созмони мазкур, Гутериш аз таҳдиди қаҳтӣ ба ҷаҳон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ, ки ба таъмини маводи озуқаворӣ дар замони низоъ бахшида шуда буд, таъкид кард.
Цыганка-попрошайка в р-не Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2020
Бӯҳрони гуруснагӣ: СММ хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД - 19 шуд
Дабир аз ҷумла изҳор доштааст, ки соли гузашта дар саросари ҷаҳон 88 миллион нафар ба қаҳтӣ рӯбарӯ шуд. Танҳо давом и як сол шумораи гуруснагон дар ҷаҳон 20 фисад афзоиш ёфтааст.
Гутерриш бар ин бовар аст, ки ин динамикаи хатарнок дар соли 2021 низ бидуни тағйир хоҳанд монд.
"Тағйирёбии иқлим ва ҳамзамон пандемияи коронавирус раванди рӯбарӯ шудани ҷаҳон ба қаҳтиро такон дод. Агар мо фавран чораҷӯӣ накунем, миллионҳо одамон дар дами гуруснагӣ ва марг қарор хоҳанд гирифт. Тибқи пешгӯиҳо, миқёси гуруснагӣ дар Сахел, Африқо, Судони Ҷанубӣ, Яман ва Афғонистон меафзояд", - мегӯяд дабири кулли СММ.
Вай аз таъсиси Гурӯҳи фаврии сатҳи баланд оид ба пешгирии гуруснагӣ хабар дод. Онро Марк Локок, ҳамоҳангсози кӯмакҳои фавқулодаи СММ раисӣ мекунад ва ба ҳайати он намояндагони Барномаи Ҷаҳонии Ғизо (БҶП) ва Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) шомил мешаванд.
"Ман аз ҳамаи аъзои ин Шӯро даъват мекунам, ки Гурӯҳи фавриро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. Шумо бояд ҳар кори аз дастатон меомадагиро кунед ва фавран барои пешгирии гуруснагӣ чораҳои фаврӣ бинед ", - даъват намуд Гутерриш.
Зикр гардид, ки марг аз гуруснагӣ тақрибан ба 150 ҳазор нафар таҳдид мекнуад. Ба гуфтаи дабир, танҳо дар Яман, тақрибан 2,3 миллион кӯдак дар соли ҷорӣ бо гуруснагии шадид рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0