https://sputnik.tj/20210312/Masnavii-manavi-Toshkand-1032995080.html
"Маснавии маънавӣ" дар Тошканд нашр шуд
"Маснавии маънавӣ" дар Тошканд нашр шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд 12.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-12T21:09+0500
2021-03-12T21:09+0500
2021-03-12T21:10+0500
осиёи марказӣ
ҳамаи хабарҳо
тошканд
китоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_48daf24ccc146505da945d4809f20951.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тошканд "Маснавии маънавӣ" нашр шуд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои кишвар.Дар нашриёти "Ойдин"-и шаҳри Тошканд бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд.Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон саҳми муассир дошта, қаблан "Тазкираи адибони муосири тоҷик"-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.Парлумони Ӯзбекистон таъйини як тоҷик ба мақоми вазириро тасдиқ кардМавриди зикр аст, ки "Маснавии маънавӣ"-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад."Маснавии Маънавӣ" аз шаш дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.
https://sputnik.tj/20190215/Nashri-kitobi-shoiri-toik-Kamoli-Khuand-dar-Toshkand-1028286877.html
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103098/83/1030988372_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_a8ae77c70a8cf0a82c622e834e737e15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, тошканд, китоб
осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, тошканд, китоб
"Маснавии маънавӣ" дар Тошканд нашр шуд
21:09 12.03.2021 (Навсозишуда: 21:10 12.03.2021) Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тошканд "Маснавии маънавӣ" нашр шуд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои кишвар.
Дар нашриёти "Ойдин"-и шаҳри Тошканд бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.
Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд.
Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон саҳми муассир дошта, қаблан "Тазкираи адибони муосири тоҷик"-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.
Нашри тарҷумаи дафтари аввали "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки "Маснавии маънавӣ"-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад.
"Маснавии Маънавӣ" аз шаш дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.