Таронаи белорусҳоро ба "Евровидение" роҳ надоданд

Обуна шудан
Гурӯҳи "Галасы ЗМеста" аз Белорус агар таронаашонро иваз накунанд, ҳуқуқи ширкат дар озмунро аз даст медиҳад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Иттиҳоди пахши телевизиони Аврупо иҷозат надод, ки як суруд аз Беларус ба озмуни Eurovision 2021 ворид шавад. Огоҳиномаи вижа аз EBU ба ширкати Belteleradiocompany фиристода шуд.
Сабаби маҳрум шудани ин тарона аз ҳуқуқи ширкат "сиёсӣ" будани он гуфта мешавад.
Агар ба озмун тарони дигареро пешниҳод накунанд, ки ба талаботи "Евровидение" ҷавобгӯ бошад, пас Белорус умуман дар он иштирок намекунад.
Белорус ба Евровидение таронаи "Я научу тебя"-ро, ки гурӯҳи "Галасы ЗМеста" иҷро кардааст, пешниҳод карда буд.
Ин тарона ҳодисаҳои охири сиёсӣ дар кишварро тасвир мекард.
"Евровидение-2021" 17-22 май дар Роттердам баргузор мешавад, ки дар он Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0